Дар Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор мегардад

Октябрь 24, 2018 11:15

ДУШАНБЕ, 24.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 27 — 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории рӯзҳо густариши робитаҳои фарҳангии дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо ва барномаи консертӣ шоми 27 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст. Қабл аз ифтитоҳи расмӣ дар назди театри мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии Япония ва Тоҷикистон манзури меҳмонони фестивал мегардад.

Ҳамчунин тибқи барнома, рӯзҳои 27-28 октябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллӣ сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки фестивал аз ҷониби Сафорати Япония дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Октябрь 24, 2018 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад