Дар пойтахти мамлакат Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо шукӯҳу шаҳомати хосса оғоз гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки имрӯзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таърих, фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.
«Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд»,- зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.
Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Франсия, ИМА, Афғонистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи намоишгоҳ ба фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар намоиш Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ иброз дошт, ки китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо будаву хоҳад монд.
«Мутафаккирони мо китобро беҳтарин туҳфа барои инсон хондаанд. Туҳфа кардани китоб ба нафаре яке аз фазилатҳои накӯи инсонӣ буда, пайваста такрори ин амал ба кас хушнудиву фараҳ ва ба нафари ҳадягиранда як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад. Пас, биёед ба якдигар дар рӯзҳои ҷашну ид китоб ҳадя созем ва ба ин восита дар тарғиби китоб саҳмгузор бошем»,-иброз дошт шоири тоҷик.
Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи мазкур то 20 октябр идома меёбад.













Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






