Дар шаҳри Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе зина ба зина оғоз ёфт. Алҳол 816 бинову иншооти ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ гармӣ гирифта истодаанд. Айни замон корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ дар дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имсол аз рӯи нақшаи техникӣ бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин гарданд. Инчунин барои кори пурсамари Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» соли равон зиёда аз 746 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст. Кашондану захира намудани ангишт идома дорад. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» бо шарофати гарм шудани муносибатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имсол фаъолияташро бо истифода аз газ ба роҳ мондааст.
Дар баробари ин, неругоҳҳои барқу гармии пойтахт ҳар шабонарӯз зиёда аз 8,5 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамоянд. Баъди пурра истифода бурдани марказҳои барқу гармидиҳӣ миқдори истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ низ меафзояд
«Дар баробари ин, дар системаи энергетикӣ охирин корҳои таъмирию профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд. Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ гардад. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад»,-илова кард манбаъ.








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






