Дар таркиши Гатчина се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар таркише, ки 19 октябри соли равон дар заводи истеҳсоли маводи пиротехникии «Авангард» — и ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград рух дод, се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин таркиш 4 нафар ҳалок гардида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Тавре сардори маркази матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, шахсияти ҳалокшудагон дар ин таркиш маълум гардид. Инҳо Расулов Аҳлиддин Акрамҷонович, соли таваллудаш 4 апрели соли 1996, зодаи шаҳри Ваҳдат, Акмалзода Осимҷони Ҷумъа, соли таваллудаш 29 июни соли 1996, зодаи ноҳияи Сангвор ва Маҳмадалиев Комилҷон Раҳмонович, соли таваллудаш 22 июни соли 1970, зодаи шаҳри Сарбанд мебошанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ба наздикони фавтидагон барои интиқоли фаврии ҷасадҳо ба Ватан ва пардохти ҷуброн ба оилаи фавтидагон аз ҷониби корфармо ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Тибқи иттилои дастрасшуда, Кумитаи тафтишотии вилояти Ленинград нисбат ба ҳодисаи мазкур аз рӯи моддаи вайрон намудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






