Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup»-ро бо ғалаба оғоз кард
ДУШАНБЕ,03.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар кишвари Бангладеш ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Непал вохӯрда, онро бо ғалаба анҷом дод. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистирикт Стедиум» барпо гардид.
Футболбозони мо дар дақиқаи 27-ум баъди аз пой зада афтонидани Ҷаҳонгир Эргашев зарбаи пеналтиро истифода бурда, ҳисобро кушоданд. Тӯбро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд.
Дар қисми дуюм Комрон Турсунов баъди ба майдон баромадан дар дақиқаи 60-ум ҳисобро афзуд. Ӯ тӯби партофтаи Фатҳулло Фатҳуллоевро бо зарбаи сар вориди дарвоза кард. Ин аввалин гол ва аввалин ширкати Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат ба ҳисоб меравад.
Футболбозони мо 4 октябр дар гурӯҳи «А» дар вохӯрии дуввум бо дастаи мунтахаби Фаластин, ки иштирокчии Чемпионати Осиё-2019 мебошад, қувва месанҷанд.
Мусобиқаи «Ҷоми тиллоии Баҳандбандҳу» аз 1 то 12 октябри соли 2018 идома меёбад. Он аз ҷониби Федератсияи футболи Бангладеш таъсис дода шуда, маротибаи 6-ум гузаронида мешавад. Бори аввал дар мусобиқаи имсола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Фаластин, Филиппин ва Лаос ширкат меварзанд.
Бангладеш соли 2015 ва Непал соли 2016 ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ гардидаанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»
Гурӯҳи «А».
Даври 1-ум
Непал – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз пеналти (0:1). Комрон Турсунов, 70 (0:2).
Тоҷикистон: Рустам Ризоев, Бахтиёр Қаландаров, Хуршед Бекназаров, Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Ахмедов, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Комрон Турсунов, 60), Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммаҷон Раҳимов (Ҳикматулло Расулов, 90+2), Ҷаҳонгир Эргашев.
Огоҳӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Тоҷикистон).
2 октябр. Силҳет (Бангладеш). Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт».
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Тоҷикистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
| 2 | Фаластин | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
| 3 | Непал | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Гурӯҳи «В».
Даври 1-ум
Бангладеш – Лаос – 1:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Бангладеш | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
| 2 | Филиппин | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
| 3 | Лаос | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Тақвими бозиҳои оянда:
Даври 2
3 октябр
17:30* – Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»
4 октябр
17:30 – Тоҷикистон – Фаластин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»
Даври 3
5 октябр
17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»
6 октябр (шанбе)
17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Сиҳхет Дистрикт»
Бозиҳои нимфиналӣ
9 октябр
13:30 – Ҷои 1-уми гурӯҳи «А» – ҷои дуввуми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор»
10 октябр
13:30 – Ҷои 1-уми гурӯҳи «В» – ҷои дуввуми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор
Финал
12 октябр
17:30 – Варзишгоҳи миллии «Бангабандҳу»
*Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






