ЭҲЁИ «ҚАЛЪАИ ХУҶАНД» БАРОИ ҲИФЗИ ИН ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ АМАЛИ САРИВАҚТИСТ. Ба Соли рушди сайёҳӣ бахшида мешавад
ХУҶАНД, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани мақоми сайёҳии маркази вилоят ва «Қалъаи Хуҷанд», инчунин ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон иқдом гирифтааст меҳмонхонаи овозадори «Ленинобод»-ро ки дар шафати он ҷойгир аст, пурра таъмиру таҷдид намуда, аз мавзеи Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо дарозии як километр ва баландии то 35 метр роҳи танобӣ бунёд кунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст мавзеи «Қалъаи Хуҷанд» -ро аз нав эҳё намояд. Иқдоми зерин дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон роҳандозӣ гардидааст.
«Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб шуда, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир аст. Интизор меравад, ки пас аз таҷдид қалъа ба макони ободу зебо табдил гардад.
Ба андешаи олимону таърихшиносон, навсозии «Қалъаи Хуҷанд» барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории таърихӣ кори муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб рафта, зимни бурдани корҳои сохтмонӣ бояд нишонаҳои таърихии он ҳифз карда шаванд.
Мутобиқ ба нақшаи навсозии Қалъа — бозори қадима, маҳаллаи ҳунармандон, наврӯзгоҳ, зиндон, ғор, саисхона, чойхона, манораҳо, хонаи пазироии ҳоким ва дигар аркони он ба назари эътибор гирифта шуда, ҳоло нақшаи куллии навсозии он омода гардида, корҳо дар ҳоли саршавианд.
Тибқи маълумоти бостоншиносон, заминаҳои аввалини маданияти шаҳрсозӣ дар ҳавзаи Сирдарё ба ҳазорсолаи II-I то мелод рост меоянд.
Сарчашмаҳои хаттии таърихӣ гувоҳи онанд, ки шаҳраки Хуҷанди асри VII-IV то мелод сарҳади шарқии империяи Ҳахоманишҳо ва шаҳри ривоҷёфтае будааст.
Дар маҷмӯъ, давраи ба шаҳрнишинӣ рӯй овардани мардуми Хуҷанд дар ҳазорсолаи Х-VIII то мелод сар шуда, дар асрҳои VIII-VII то мелод ба охир мерасад.
Ба гуфти таърихшиносон, шаҳри Хуҷанд дар ибтидои асрҳои миёна дорои чандин иншооти мудофиавӣ будааст. Аз ҷумла, Қалъаи таърихии Хуҷанд аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд дошта, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200х300 м ҷой гирифта будааст. Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Инчунин Куҳандизи Хуҷанд ҳам замони арабҳо (асрҳои VIII-IХ), ҳам давраи Сомониён, ҳам сулолаҳои Қарохониён, Салчуқиёнро (асрҳои ХI-ХII) аз сар гузаронидааст.
Дар асрҳои баъдина куҳандиз то аркаш чун қароргоҳи ҳокимон хизмат мекардааст.
Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор кардаанд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар будааст. (диз – 6 га, шаҳристон — 12 га). Дар охирҳои асри XX даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман барқарор карда шуда, релефи болои қалъа дар натиҷаи сохтмонҳои муосир пурра дигаргун гаштааст.
Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст.
Давраи баъдинаи тараққиёти шаҳрро на танҳо аз рӯи обидаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои нодир, балки аз сатҳи ташаккули инфрасохтори низоми шаҳрдорӣ, яъне раванди рушди деҳоти атрофи Хуҷанд ба хубӣ дарк кардан мумкин аст.
Дар мавзее, ки имрӯз дар он Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва хона-музеи Камоли Хуҷандӣ (соли 2015) бунёд гардидаанд, дар ибтидои асрҳои Х-IХ он бо девору иншооти зиёди мудофиавӣ иҳота гардида, андаруни он шумораи зиёди одамон сукунат доштаанд. Аз ин лиҳоз, ободиву зебоии ин мавзеъ аз давраҳои бостон ба атрофу акнофи олам паҳн гардида, Хуҷанд бо номи «Тирози ҷаҳон», яъне арӯси шаҳрҳо шуҳрат пайдо намуда будааст.
Дар шафати дарёи Сайҳун бунёд гардидани маҷмааи Камоли Хуҷандӣ ва аз нав тармиму таҷдид шудани Боғи Хоҷа Камол басо рамзист. Зеро, аз як ҷониб дарёи Сир ва аз ҷониби дигар Қалъа – куҳандизи Хуҷанд ба Маҷмааи таърихии Хоҷа Камол мазмуни тоза мебахшанд.
Итминон аст, ки пас аз навсозӣ «Қалъаи Хуҷанд» чун музеи кушод бо бунёди растаҳои ҳунарҳои куҳани мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, нонпазӣ ва ғайра дар радифи Осорхонаи вилоятии таърихиву кишваршиносӣ, Боғи фарҳангу фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва дигар иншооти истироҳатии ин мавзеъ ба осорхона табдил дода мешавад. Ин амал, бешак ба афзудани таваҷҷуҳ ва шумораи сайёҳони ҳам дохиливу ҳам берунӣ баҳри шиносоӣ бо ин мавзеъи таърихӣ оварда мерасонад.
Бояд гуфт, ки танҳо давоми нуҳ моҳи соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 56 ҳазору 653 нафар сокинону меҳмонон дидан намудаанд, ки 3440 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Аз оғози соли равон ба Осорхонаи вилояти Суғд 166 адад ашёи дорои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз бозёфтҳои таърихие, чун сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашё иборат буда, миёни онҳо нодиртаринашон ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) аз давраи тоисломӣ, яъне асрҳои V-VIII, тағораи сафолии охири асрҳои XIX-аввали асри XX ва чароғи сиёҳ ( ҷинчароғ, сиёҳчароғ) мебошанд.
Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»