«Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ»-таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид

Октябрь 5, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нашриёти «Эр – граф» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ» китоби ду тан аз олимони тоҷик- Ҳаким Мирсайидзод ва Сиёвуш Наботовро мунташир кард.

Рисола ба таҳлили таърихи сарварӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарварӣ ва рушди давлатдории навини миллии тоҷикон бахшида шудааст.

Дар китоб таърихи ниҳоди  сарварӣ, натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷабҳаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории  миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ инъикос ёфтаанд.

Сиёвуш Наботов, яке аз муаллифони рисола дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди Ховар таъкид намуд, ки китоб аз ду боб иборат аст. Боби аввал ба мавзӯи “Сарвар ва сарварӣ дар тафаккури илмӣ” ва боби дуюм ба “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сарварӣ ва рушди давлатдории миллӣ” рабт дорад.

Рисола нашри илмӣ – оммавӣ буда, зери таҳрири доктори илмҳои фалсафа, профессор М. Гулаҳмадов ва доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Б. А. Сафарзода чоп шудааст.

Аз рисолаи мазкур доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон, ҳуқуқдонон, кормандони соҳаи илм, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масоили илмӣ ва фаъолияти идории давлатӣ рағбат доранд, баҳраманд шуда метавонанд.

Октябрь 5, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад