Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, дурандешии Пешвои миллат ва «Наворҳои ҷовидона»-и Комил Ёрматов,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он, Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарин воқеоти ҳафтаи гузаштаи ҷумҳурӣ буданд, ки дар матбуоти даврӣ ба таври густурда инъикос гардидааст.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (15.10.2018, №202) суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ – 2018-ро таҳти унвони «Пешвои миллат: «Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд» чоп кардааст. Роҳбари давлат дар суханронии худ фазои соҳибкории ҷумҳуриро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дастовардҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ ноилгардида ва камбудиҳои то ҳол ҷойдоштаро ошкор баён намуданд. Пешвои миллат зикр карданд, ки барои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам оварда шавад ва монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд.
Инчунин дар ин шумора оид ба мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ва оғози сохтмони биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар нашр кардааст.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (17.10.2018, №203) матлаби муовини сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидислом Абдуҷабборзодаро таҳти унвони «Пешво ба мо шараф бахшиду ифтихор» нашр намудааст, ки дар он муаллиф оид ба фаъолияти пурсамари Пешвои миллат ва дурандешии ӯ андешаронӣ намуда, навиштааст: «Дӯстдориву эҳтироми хос гузоштан ба ӯ муҳаббату гиромидошт ба миллат ва давлат аст. Ин як ҳақиқатест, ки ба ҳеҷ гуна далелу исбот ниёз надорад. Мардум онро хуб дарёфта. Ва ҳам медонанд, ки ба камолу балоғати маънавиву моддӣ расидани миллат дар раванди таърихи навини тоҷикон, ки муддате заҳри талхи азхудбегонагиро чашида буд, самараи азхудгузаштагиву ҷасорати Пешвои миллат мебошад».
Дар ин шумора ҳамчунин дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон, назорати доруворӣ, корҳои ободонӣ дар ноҳияҳои мамлакат маводи хонданибоб нашр гардидааст.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (18.10.2018, №126) дар саҳифаи аввали худ ба масъалаи қатъ гардидани интиқоли барқ таваҷҷуҳ карда, дар ин замина шарҳи рӯзноманигор Шариф Атобуллоевро бо сарлавҳаи «Дигар лимит нест, вале…» нашр кардааст. Муаллиф зимни суҳбат бо масъулини Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мушаххас намудааст, ки дар кишвар маҳдудияти интиқоли неруи барқ барҳам дода шуда, мардум пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд: «Вале, вобаста ба корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳо дар давраи тайёрӣ ба зимистон зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқро барои муддати кӯтоҳ қатъ намоянд. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ шудааст».
Рӯзноманигор Сайфиддин Суннатӣ бо доктори илмҳои филология Ҳабибулло Раҷабов мусоҳиба намудааст. Дар мусоҳибаи мазкур сухан аз муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ҳинд, равобити фарҳангӣ ва адабии ин ду миллат меравад. Ҳабибулло Раҷабов аз маъруфияти адабиёти тоҷик дар Ҳиндустон қисса карда, мегӯяд: «Ҳангоми дар Ҳиндустон будан дар мағозаи китоби шаҳри Деҳлӣ асарҳои Садриддин Айниро дидам, ки ба забони ҳиндӣ чоп шудаанд. Тарҷумаи осори Айнӣ ба қалами тарҷумони шинохта Раҳул Санкритяян тааллуқ дорад. Номбурда миёнаҳои солҳои 50- ум ба ИҶШС омада буд ва 36 забон, аз ҷумла форсию русиро ба хубӣ медонист. Боиси ифтихор аст, ки ӯ «Марги судхӯр» «Дохунда», «Ғуломон», «Одина», «Ятим» барин асарҳои устод Айниро ба ҳиндӣ тарҷума кардааст».
Инчунин дар ин шумора мақолаи Диловари Мирзо «Барои равнақи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои муассир бояд андешид», мусоҳибаи Ҳусейни Назруллоҳ бо муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, мақолаи Муҳаммад Зокир «Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргон» ба табъ расидаанд.
Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (17.10.2018, №42) суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018-ро бо сарлавҳаи «Лидер нации Эмомали Рахмон принял участие в Международном форуме предпринимательства» нашр карда, дар бораи мулоқотҳои Пешвои милат бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ШОС гузориш додааст.
Мақолаи нависанда Анвар Тавобов «Искусство руководить» дар бораи ходими давлатӣ, Котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии вилояти Ленинобод (Суғд) Рифъат Ҳоҷиев аст, ки дар даврони роҳбарияш барои рушди иқтисодиёти на танҳо вилоят, балки тамоми Тоҷикистони Советӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст, нақл мекунад.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шумораи навбатӣ мақолаҳои «Далер Шарифи: Хочу чтобы продукция «Асрори санг» стала настоящей «поэмой в камне» ва «Варзоб: семь чудес света» нашр гардидааст.
«В Таджикистане проходит пробная перепись населения и жилищного фонда» дар бораи баргузории барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (17.10.2018, №42) мақолаи Н.Худойбахшов «Афзоиши босуръати аҳолӣ: паҳлуҳои мусбат ва манфии он»-ро нашр намудааст. Мақолаи мазкурро метавон посухи хубе ба даъвоҳои баъзе созмонҳову ташкилотҳои хориҷӣ номид, ки вақтҳои охир бо тобиши манфӣ дар сомонаҳои гуногун чоп мешаванд. Муаллиф илман собит намудааст, ки масъалаи демографӣ дар Тоҷикистон зери назари ҳукумат қарор дорад ва барои гурез аз таъсири манфии афзоиши босуръати аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
«Наворҳои ҷовидонӣ» матлаби Ҷумъахони Темурзода аст, ки ба яке аз филмбардорони маъруфи тоҷику ӯзбек Комил Ёрматов бахшида шудааст. Дар ин матлаб муаллиф ҳаёту фаъолияти ин филмбардори маъруфро мавриди таҳлил қарор дода, саҳми ӯро дар бедор сохтани ҳисси ватандӯстиву худшиносии халқҳои тоҷику ӯзбек бузург арзёбӣ намудааст.