ФУТБОЛ: Чемпионати Осиё -2019 ба марҳилаи бозиҳои нимниҳоӣ расид
ДУШАНБЕ, 30.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё-2019 байни ҷавонони то 19-сола, ки дар Индонезия идома дорад, ба марҳилаи бозиҳои нимниҳоӣ расид. Баъди бозӣ дар ду вохӯрии охирини рӯзи гузашта дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки дар Полша сурат мегирад, ба даст оварданд ва ҳамчунин муборизаро дар бозиҳои нимниҳоӣ идома медиҳанд. Шарҳи шореҳи АМИТ “Ховар” Аловиддин Бӯриев дар бораи вохӯриҳои охирини ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё.
Дар бозиҳои охирини ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё аввалин шуда, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба майдон омаданд. Муқобилияти сахти футболбозони ҳар ду даста ба мушоҳида расид. Дар натиҷа 6 нафар футболбозони тоҷик ва 5 нафар футболбозони Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби довар огоҳӣ-корти зард гирифтанд, ки ин шаҳодати ҷидду ҷаҳди футболбозони ҳар ду даста барои роҳхат ба бозиҳои нимниҳоӣ ва Чемпионати ҷаҳон буд.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ин муддат 12 маротиба унвони чемпионӣ ба даст овардааст, дар рақобат бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки муҳофизатгарон ва дарвозабони моро дар ғафлат гузошта, тӯбро вориди дарвоза кунад. Дар як ҳолати на он қадар хатарнок дар дақиқаи 44-ум Ҷеон Си-Ҷин дар танҳоӣ аз миёни чор нафар тӯбро вориди дарвоза кард ва он тақдирсоз омад. Хати ҳуҷуми дастаи мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба ин гол ҷавоб гардонад. Ҳисоби 1:0 футболбозони моро аз давом додани рақобатҳо дар Чемпионати Осиё-2018 берун кард.
Дар бозии дуввуми охирини ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки дар як гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон қарор дошт, дастаи мунтахаби Австралияро бо нишондоди 3:1 шикаст дод. Бозии футболбозони араб сазовори таърифу тавсиф буд. Агар дар бозиҳои оянда ҳам ҳамин тавр ҳунарнамоӣ кунанд, он гоҳ ба унвони чемпионӣ хоҳанд расид. Дар бозӣ бо Австралия Турки Аламар (1:0, 7 дақиқа), Фирас Албиркан (2:1, 50) ва Сауд Абдулҳамид (3:1, 82) тӯбҳоро ба нишон расониданд. Ягона голи Австралияро Начанел Аткинсон (42 –дақиқа) вориди дарвоза кард.
Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои гузаштаи ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Япония бар Индонезия (2:0) ва Қатар бар Тайиланд (7:3) ғолиб омада буданд.
Ба ҳамин тартиб, дар бозиҳои нимниҳоӣ, 1 ноябр дастаҳои мунтахаби Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Япония бо Арабистони Саудӣ бо ҳам қувва месанҷанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






