ФУТБОЛ: дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония ба Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонони то 19-сола аввалин вохӯрӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тайиланд баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ба яке аз бозиҳои серголтарини Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, табдил ёфт. Шарҳи шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар бораи вохӯриҳои аввали ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё пешкаш мегардад.
Дар бозии ¼-ниҳоӣ натиҷаи ин қадар бузургро касе пешгӯӣ накардааст ва интизор ҳам набуд. Аммо дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тайиланд ба сари якдигар борони тӯбҳоро рехтанд, ки дар якҷоягӣ 10 тӯб хати дарвозаҳоро рахна карду даврвозабонҳоро маҳзун гардонид. Фаъолии футболбозон мухлисонро ба ваҷд овард. Дар дақиқаи 13-ум Ҳошим Алӣ иштибоҳи ҳимоятгари Тайиланд Саранйу Палангванро истифода бурда, ҳисобро боз кард. Тӯби дуюм ҳам аз иштибоҳи футболбозони Тайиланд хати дарвозаро убур кард. Онро Носир Алязидӣ дар дақиқаи 21-ум вориди дарвоза гардонд. Нимаи аввал бо ҳисоби 2-0 ба нафъи дастаи мунтахаби Қатар анҷом ёфт.
Дар қисми дуввум футболбозони Тайиланд ба худ омада, фишорро ба дарвозаи қатариҳо афзуданд ва то дақиқаи 61-ум тавассути голҳои Корваич Таса ва Сакунчай Сакунтопо натиҷаро мусовӣ-2:2 карданд. Дақиқаи 80-ум барои тайиландиҳо бобарор омад ва бори аввал дар ин вохӯрӣ баъди голи Сирапак Пруенга онҳо ба сафи пеш баромаданд. Аммо баъди 7 дақиқа Аҳмад Суҳайл боз натиҷаро баробар кард.
Барои муайян кардани ғолиб ду қисми иловагӣ таъйин гардид ва онро футболбозони Қатар хуб истифода бурда, чор тӯби дигарро ба дарвозаи Тайиланд ворид карданд. Абдурашид Умар (4:3, 99-дақиқа, 6:3, 117-ум дақиқа), Халид Мансур (5:3, дақ 106) ва Юсуф Айман (7:3, 120-ум дақ) тӯбҳоро ба нишон расониданд.
Дар бозии дуюми ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Япония дар варзишгоҳи муҳташами “Гелора Бунг Карно”-и шаҳри Ҷакарта бар мизбони Чемпионат –Индонезия дар ҳузури 60 ҳазор 150 мухлис бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, роҳи худро барои бозиҳои ½-ниҳоӣ ҳамвор карданд. Тӯбҳоро Шунки Ҳигаши ва Тайсей Мияширо ба нишон расониданд.
Ҳамакнун дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония ғолибони ҷуфти бозиҳои ¼-ниҳоӣ- Кореяи Ҷанубӣ бо Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо Австралияро дар вохӯриҳои ½-ниҳоӣ интизор мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






