ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Индонезия бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малайзия ба майдон мебарояд
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии 2-юми гурӯҳи «D», дар Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Малайзия қувва меозмояд. Футболбозони тоҷик баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Чин (1:0) бо рӯҳияи баланд вориди ин рақобат мешаванд. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ.
Дар ин гурӯҳ ҳамчунин вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Чин низ баргузор мегардад. Дар сурати ғалабаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ин дастаҳо пеш аз мӯҳлат ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат хоҳанд гирифт.
Ёдовар мешавем, ки даври охири мусобиқа дар гурӯҳи «D», 26-уми октябр, бо бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ва Чин бо Малайзия анҷом меёбад.
Дар ҳамин росто бозиҳои даври дуввуми гурӯҳҳои «А»,«В» ва «С» хотима ёфтанд. Амороти Мутаҳидаи Араб бар Тайбейи Чин бо ҳисоби 8:1, Қатар бар Индонезия — 6:5, Кореяи Шимолӣ бар Ироқ — 1:0, Япония бар Тайланд — 3:1, Австралия бар Ветнам — 2:1 ва Кореяи Ҷанубӣ бар Урдун бо бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд.
Тартиби ҷадвали гурӯҳҳо чунин аст:
Гурӯҳи «D»
Даври 1
Тоҷикистон – Чин 1:0
Арабистони Саудӣ – Малайзия 2:1
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Арабистони Саудӣ | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-1 | 3 |
| 2 | Тоҷикистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
| 3 | Малайзия | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-2 | 0 |
| 4 | Чин | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
Бозиҳои оянда:
Даври 2
23 октябр
14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ
17:00 – Малайзия – Тоҷикистон
Даври 3
26 октябр
17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
17:00 – Чин – Малайзия
Гурӯҳи «А».
Даври 1
Индонезия –Тайбэйи Чин – 3:1
АМА – Қатар – 2:1
Даври 2
Тайбэйи Чин – АМА 1:8
Қатар – Индонезия –6:5
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | АМА | 2 | 2 | 0 | 0 | 10—2 | 6 |
| 2 | Қатар | 2 | 1 | 0 | 1 | 7—7 | 3 |
| 3 | Индонезия | 2 | 1 | 0 | 1 | 8-7 | 3 |
| 4 | Тайбэйи Чин | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-11 | 0 |
Гурӯҳи «В».
Даври1
Япония – Кореяи Шимолӣ – 5:2
Ироқ – Тайланд – 3:3
Даври 2
Кореяи Шимолӣ –Ироқ- 1:0
Тайланд — Япония – 1:3
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Япония | 2 | 2 | 0 | 0 | 8—3 | 6 |
| 2 | Кореяи Шимолӣ | 2 | 1 | 1 | 0 | 3-5 | 3 |
| 3 | Ироқ | 2 | 0 | 1 | 0 | 3-4 | 1 |
| 4 | Тайланд | 2 | 0 | 1 | 1 | 4-6 | 1 |
Гурӯҳи «С».
Даври 1
Ветнам – Урдун – 1:2
Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 1:1
Даври 2
Австралия – Ветнам -2:1
Урдун -Кореяи Ҷанубӣ – 1:3
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Кореяи Ҷанубӣ | 2 | 1 | 1 | 0 | 4—2 | 4 |
| 2 | Австралия | 2 | 1 | 1 | 0 | 3—2 | 4 |
| 3 | Урдун | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-4 | 3 |
| 4 | Ветнам | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-4 | 0 |
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






