GIZ барои татбиқи лоиҳаи бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон 1,3 миллион евро ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи амалисозии ҳамкории техникӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Германия оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) –ро 1 октябр палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон шарҳ дода, гуфт, ки лоиҳаи «Гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ» аз ҷониби Ҷамъияти Германия оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар ҳаҷми 1 миллиону 345 евро дар ду ноҳияи пилотии Тоҷикистон –Рашт ва Айнӣ татбиқ карда мешавад. Самти асосии татбиқи лоиҳаи мазкур ба омӯзиши гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ, хусусан омӯзиш ва нигоҳдошти ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, ки мутобиқ ба иқлим ва шароити ноҳияҳои пилотист, нигаронида шудааст.
Вазири кишоварзӣ афзуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа, ки то соли 2020 идома меёбад, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур ба бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳияҳои пилотӣ мусодат менамояд.








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






