Имрӯз, дар оғози бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувон (U-19), дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Тайбейи Чин қувва месанҷад

Октябрь 24, 2018 09:44

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар оғози даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби бонувони то 19-сола дар гурӯҳи  «D»  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайбейи Чин, соати 17:00, вориди майдон мешаванд.

Дар остонаи ин бозиҳо дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ бо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби иштирокдор, ки аз Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш омадаанд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Қаноат Латифов-сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Робин аз Тайбейи Чин, Ғулом Раббонӣ Чатан аз Бангладеш ва Ҳур Ҷен Ҷе аз Кореяи Ҷанубӣ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта, омода будани дастаҳоро ба ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ баён доштанд.

Имрӯз, ҳамчунин бозии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Бангладеш, соати 14:00 шурӯъ мегардад.
 

Тақвими бозиҳо чунин аст:

Даври 1

24 октябр

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш

17:00 – Тайбэйи Чин – ТОҶИКИСТОН

Даври 2

26 октябр

14:00 – Бангладеш –Тайбэйи Чин

17:00 – ТОҶИКИСТОН –Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3

28 октябр

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ –Тайбэйи Чин

17:00 – ТОҶИКИСТОН – Бангладеш.

Октябрь 24, 2018 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд