Имрӯз вохӯрии нахустини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бангладеш сурат мегирад
ДУШАНБЕ,02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар доираи мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар кишвари Бангладеш ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Непал анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистирикт Стедиум» соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз хоҳад ёфт.
Дирӯз дар аввалин вохӯрии гурӯҳи «Б» дастаи мунтахаби Бангладеш бар Лаос бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Ягона голи Пасеус дар дақиқаи 60-ум натиҷаовар гардид.
Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ин мусобиқа 24 футболбоз аз ҷумла – 2 дарвозабон, 9 дифоъгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст. Аз сабаби иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат (U-19) дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 Тӯхтаев аз ҳайати ҷавонон ба дастаи миллӣ ягон нафарро ҷалб накардааст.
Ҳайати васеи дастаи миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Ахмедов, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»),
Ниммуҳофизатгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳама аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳама аз КМВА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).
Футболбозони мо дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Непал қувва месанҷанд.
Гурӯҳи «В» дастаҳои Филиппин, Бангладеш ва Лаосро ба ҳам овардааст.
Мусобиқаи «Ҷоми тиллоии Баҳандбандҳу» аз 1 то 12 октябри соли 2018 идома меёбад. Он аз ҷониби Федератсияи футболи кишвари Бангладеш таъсис дода шудааст ва маротиба 6-ум гузаронида мешавад. Бори аввал дар мусобиқаи имсола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Фаластин, Филиппин ва Лаос ширкат меварзанд.
Бангладеш соли 2015 ва Непал соли 2016 ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ гардиданд.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






