Лигаи футболи Тоҷикистон ба қатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол»-и Осиё дохил шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон ба қатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол» дар Осиё дохил шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Ғолиби «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол»–ро Конфедератсияи футболи Осиё рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2018 дар конференсияи саноати варзиш, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, эълон хоҳад кард. Дар қатори муддаиёни ин ҷоиза ба ғайр аз Лигаи футболи Тоҷикистон, инчунин Лигаи футболи кишварҳои Ҳиндустон, Индонезия, Урдун, Сингапур, Ветнам, Бутан, Гуам, Қирғизистон ва Филиппин шомиланд.
Лигаи футболи давлатҳои Австралия, Чин, Эрон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Таиланд, Ӯзбекистон ва Амороти Мутаҳидаи Араб барои ҷоизаи “Илҳомбахштарин Лигаи футбол” дар Осиё мубориза мебаранд.
Муддаиён аз рӯи 11 дараҷа санҷида мешаванд: идора ва роҳбарӣ, натиҷаҳои молиявӣ, мусобиқа, маркетинг ва таблиғот, ВАО, иртибот ва ғайра.
Дар ҳар ду дараҷа барои иштирок дар конференсияи мазкур, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, се номзадӣ даъват карда мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






