Маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ воситаи ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон маҳсуб мешаванд

Октябрь 31, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз имтиёзҳову имкониятҳои дар соҳаи ҳунармандӣ фароҳамовардаи Роҳбари давлат ёдовар шуда, изҳор дошт, ки иқдоми мазкур ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии мардум таъсири мусбат мерасонад.

«Рушди ҳунарҳои миллӣ бо дарназардошти озод намудани ҳунармандон аз пардохтҳои ҳатмии андозӣ ва таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» яке аз он дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳунармандон ва ҳунари қадимаи миллӣ мебошад»,-иброз дошт Шамсуддин Орумбекзода.

Зикр гардид, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин  сарзамини Тоҷикистон бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда,  барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои дар ин самт баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти дастии ҳунармандони мамлакат ба бозорҳои ҷаҳонӣ инчунин ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба намудани ҳунармандон бо ҳунармандони дигар давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода изҳор дошт, ки имрӯз бо кумаку дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дубора эҳё гардида, ҳунармандон дар ҷомеаи навини тоҷикон мақоми хоссаро соҳибанд. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифи симои сайёҳии кишвар буда, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ бо ҳам тавъаманд.

Мавриди зикр аст, ки дар конфронсӣ масъалаҳои гуногуни вобаста ба мавзӯъ, аз ҷумла «Ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибгари фарҳанги миллӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ», «Катибадӯзии тоҷикон», «Наққошии миллии тоҷикӣ ва раванди инкишофи он» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар конфронс роҳбарият ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин донишгоҳҳои олӣ ва осорхонаҳо иштирок намуданд.

Октябрь 31, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар