Муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол пастшавии ҳарорати ҳаво назар ба солҳои пешин дар ҷумҳурӣ барвақттар ба назар расид. Аз ин рӯ қабл аз фарорасии сардиҳо дар вазорату идораҳо корҳои омодагӣ ба давраи зимистон сурат мегиранд. Яке аз соҳаҳое, ки мардум ба он бештар ниёз доранд ва новобаста аз мавсими сол пайваста ба он рӯ меоранд, соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар бораи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Ҳафизов ҳамсуҳбат гардид.
Ба гуфтаи С.Ҳафизов, «дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 121 адад дегхонаҳои буғӣ буда, айни ҳол 89 адад (73%) дар ҳолати коршоямӣ, 4 адад (3%) таъмирталаб ва 30 адад (24%) дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Инчунин муассисаҳои соҳа дорои 1002 адад генератори барқӣ буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ генераторҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд».
Ҳамсуҳбат иброз дошт, ки бо мақсади истифодаи самараноки энергияи гармӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 105 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, 44 муассиса ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошанд ва 14 муассиса гармиро аз дегхонаҳои локалӣ истифода мебаранд. Инчунин дар 37 муассиса системаи дохилӣ барои қабули гармии мутамарказ омода буда, дар ҳолати гузаронидани хатҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маҳалли ҷойгиршавӣ онҳо ба ин хатҳо пайваст карда мешаванд.
Ба гуфтаи С.Ҳафизов, дар 10 муассисаи боқимонда корҳои васлгарии системаи гармидиҳӣ идома дошта, дар назар аст, ки пас аз анҷоми пурраи корҳо муассисаҳои мазкур ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд.
«Ҳамзамон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии сӯхтор дар бинову иншооти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, таъмини истифодаи дурусти маводи сӯхт ва дастгоҳҳои барқию гармидиҳӣ ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дода шудааст, ки риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро пурра таъмин намоянд», — зикр намуд мусоҳиб.
Бо иттилои С.Ҳафизов, бо мақсади сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 нақшаи захираи ангишт 8 ҳазору 206 тонна пешбинӣ гардида, дар асл 8 ҳазору 221 тонна (100,2%), ҳезум 7 ҳазору 098 м3, дар асл 7 ҳазору 233 м3 (101,9%), сӯзишворӣ 80 ҳазору 155 литр, дар асл 80 ҳазору 162 литр (100,0%), картошка 291 тонна, дар асл 269,9 тонна (92,7%), пиёз 139,7 тонна, дар асл 133,6 (95,7%) тонна, орд 243,2 тонна, дар асл 237,4 тонна (97,6%), равған 36 ҳазору 544 литр, дар асл 35 ҳазору 050 литр (95,9%) ва дигар намуди хӯрокӣ 352,1 тонна, дар асл 345,4 (98,1%) тонна захира карда шудааст.
«Бояд зикр намуд, ки корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ҳоло ҳам идома доранд», — гуфт С.Ҳафизов.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






