Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик»: дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошед!

Октябрь 15, 2018 18:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана ҳамасола дар остонаи фасли зимистон ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариён муроҷиат менамояд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Дар муроҷиатномаи имсола таъкид гардидааст, ки «барқ неруи фавқулода ва муқаддас аст. Муштарӣ барои дастрас намудани он вақт сарф намекунад, пешакӣ маблағ ҳам пардохт намесозад. Пахш намудани тугмачае кифоя аст, ки барқ ба хизмати мо, равшану гарм намудани манзилу ҷои кори мо ва осону дурахшон намудани лаҳзаҳои ҳаёти мо омода бошад… Вале оё мо боре андеша кардаем, ки ин неруи олиҷаноби бе садову бе бӯю бе ранг ва ба ҳама дастрас  бо чӣ душворию заҳматҳо тавлид меёбад ва то ба хонаю корхонаи мо  интиқол ёфтанаш  кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд?»

Ҳадаф аз ин таъкид сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он мебошад. Ба ин маънӣ дар муроҷиатнома омадааст: «Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо бе таваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёд сарф мегарданд. Зиёда аз 12 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рўз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд. Тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бе таваққуф барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф мутассил зери шиддатанд. Инчунин барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди онҳо, ки муҳлати истифодаи аксарияташон аллакай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса — рўи по нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ  низ маблағҳои калон заруранд.

Агар ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд, ин мушкилиҳо осон мегарданд.  Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефони мобилӣ мову шумо пешпардохт мекунем, яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рў, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гўшаи виҷдони ҳар инсон аст».

Дар муроҷиатнома бобати аз 1 ноябри соли 2018 ба миқдори 15% зиёд шудани нархи неруи барқу  гармӣ дахл намуда, он ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Пеш аз ин аҳолӣ барои ҳар кВт.соат 16,85  дирам маблағ пардохт менамуд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 19,37 дирамро ташкил медиҳад. Ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки  маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

Дар айни замон ба қадри 15 фоиз қимат шудани нархи барқ барои ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ он қадар таъсири гарон надорад. Вале ин барои пешрафти ин соҳа, таъминоти кулли сокинон бо барқ ва пешрафти иқтисодиёти тамоми кишвар хеле муҳим аст. Ин аз як тараф мусоидат менамояд, ки ниҳоди энергетикӣ рушд ёбад.  Аз дигар тараф,  ин амали ногузир аст,  чунки  таҳлилҳои гузаронидаи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ собит сохтанд, ки ширкати «Барқи Тоҷик» бо тарифҳои пешина ягон имконият надошт, ки аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои сармоягузории байналмилалӣ ширкат намояд.

Воқеан, ҳоло ҳам нархи барқ дар мо аз ҳисоби миёнаи нархи байналмилалии барқ, кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои узви ИДМ нисбатан арзон аст. Ин дар шароите сурат мегирад, ки дар кишвари мо низ барқ аз рўи талаботи байналмилалӣ истеҳсол мегардад. Мо қисмҳои эҳтиётиро пурра аз хориҷа ва бо асъори хориҷӣ харидорӣ менамоем. Ҳамасола ширкати «Барқи Тоҷик» аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад».

Дар фароварди муроҷиатнома роҳу усули осони пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба таври зерин шарҳ дода мешавад: «Ҳаққи истифодаи барқ чунин ҳисоб карда мешавад: масалан, дар сурати 19,37 дирам будани  нархи 1 кВт.с неруи барқ (барои аҳолӣ) миқдори  кВт.с-и истифодашуда бо нархи тарифӣ, яъне 16,85 дирам, зарб ва ба сад тақсим мегардад. Масалан, дар сурати 300 кВт.с барқ истифода бурдан ҳисоб чунин мешавад: 300 кВт.соат  х 19,37 дирам = 5811 дирам, 5811 дирам: 100  = 58,11  сомонӣ. Яъне барои 300 кВт.соат  58 сомониву 11 дирам маблағи барқ пардохтан лозим аст».

Аз маркази матбуоти ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба муштариёни неруи барқ» бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр ва дар тамоми минтақаҳои кишвар ройгон тақсим карда шуд. Ин муроҷиатнома бобати  осон намудани мушкилоти ҳам муштариён ва ҳам ширкати «Барқи Тоҷик» ва ба омма фаҳмондани мушкилоти таъминот бо барқ дастури муфид арзёбӣ гардид.

Октябрь 15, 2018 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор мешавад
«ЗАНОН, ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА ҲИМОЯ АЗ ЗӮРОВАРӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
Меҳмонони Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон Осорхонаи миллиро тамошо намуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳамкории байналмилалии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол андозаи нафақаи беш аз 775 ҳазор нафақагир мавриди индексатсия қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ беш аз ҳама ба коршиносони забондон эҳтиёҷ дорад
«ҶОМЕАИ СОЛИМ». Таҳти чунин унвон дар Москва форум доир ба соҳаи тандурустӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Норасоии табибон дар сохтори тандурустии шаҳри Роғун яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад