НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА АРГЕНТИНА, БА ДИДОРИ ПАЛАНГ ПАНДИ МЕРАВАНД! Онҳо дар Бозиҳои сеюми олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес ширкат хоҳанд намуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Се нафар варзишгарони навраси тоҷик дар Олимпиадаи сеюми наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мегардад, ширкат менамоянд. Ба ҳайати варзишгарон Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ) бо гурӯҳи мураббиён дохиланд.
Маросими кушодашавии Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон 6 октябр дар назар аст. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш – аспсаворӣ, бадминтон, баскетбол 3х3, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, волейболи соҳилӣ, гимнастика, голф, гӯштин, дзюдо, заврақронӣ, камонварӣ, каратэ, қайиқронии академӣ, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, панҷҳарбаи муосир, рақси варзишӣ, регбӣ 7, сеҳарба, таэквондо, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, футзал, гандболи соҳилӣ, чавгонбозӣ, чархакбозӣ, шамшербозӣ, шиноварӣ, шӯхпаймоӣ ворид карда шудаанд.
Дар олимпиада тақрибан 4000 нафар варзишгари аз 15 то 18-сола аз 206 давлати ҷаҳон барои 241 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
Мусобиқаи дзюдо 7-10 октябр доир мегардад.
Варзишгари навраси тоҷик Сулаймони Ҷамшед 7 октябр дар вазни 66 килограм вориди рақобат мешавад.
Бежан Файзуллоев 10 октябр дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр ва Анастасия Тюрина 11-12 октябр дар ду қувваозмоӣ – шиноварӣ ба масофаи 50 метр ба тарзи парвона ва 50 метр ба тарзи озод иштирок мекунанд.
Маросими пӯшидашавии бозиҳо 18 октябр ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






