Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Душанбе маълум гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуд.
Тавре раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мусобиқаи байналмилалӣ бори аввал баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории он интихоби дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар чемпионати ҷаҳон мебошад, ки моҳи апрели соли оянда дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқа 133 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, ИМА, АМА ширкат намуданд.
Миёни наврасон ва ҷавонон ҳамаи ҷойҳои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд. Миёни калонсолон низ дар бештари вазнҳо варзишгарони тоҷик ғолиб омаданд. Умуман, дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро Тоҷикистон, ҷои дуюмро Ӯзбекистон ва ҷои сеюмро Қирғизистон ишғол намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Душанбе байни калонсолон:
-50кг
1. Нурмуҳаммад Турсунзода (Тоҷикистон)
2. Абдуллоҳ Абдуғафуров (Ӯзбекистон)
3. Суҳроб Абдураҳмонов (Тоҷикистон)
-55кг
1. Амриддин Қурбонов (Тоҷикистон)
2. Ҷонибек Ёқубов (Тоҷикистон)
3. Шаҳзод Ҳотамов (Тоҷикистон)
-60кг
1. Сулаймони Аҳмадхон (Тоҷикистон)
2. Анушервон Давлатов (Тоҷикистон)
3. Сергей Алексушин (Тоҷикистон)
-62кг
1. Карим Мадинов (Ӯзбекистон)
2. Алиҷон Бобомуродов (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Ҳоҷиев (Ӯзбекистон)
-66кг
1. Амиралӣ Ҳалимов (Тоҷикистон)
2. Тимур Абдуллоев (Ӯзбекистон)
3. Диёрбек Анваров (Ӯзбекистон)
-69кг
1. Шоимард Абдулназаров (Тоҷикистон)
2. Сардор Солиев (Ӯзбекистон)
3. Ҳафизҷон Қурбонов (Тоҷикистон)
-77кг
1. Маъруфҷон Назаров (Тоҷикистон)
2. Ҳаруна Мадинов (Ӯзбекистон)
3. Данте де Агостаро (ИМА)
-85кг
1. Дмитрий Новиков (Қирғизистон)
2. Абубакр Назарзода (Тоҷикистон)
3. Комрон Ғуломшозода (Тоҷикистон)
+94
1. Умедҷон Нуров (Ӯзбекистон)
2. Ризо Сафаров (Ӯзбекистон)
3. Эраҷ Аминзода (Тоҷикистон)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






