Президенти КФО Рустами Эмомалиро барои ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон табрик намуд

Октябрь 8, 2018 16:36

ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотии худро ҷиҳати   роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд.

Дар нома, аз ҷумла омадааст: «Президенти муҳтарам! Ман сидқан Шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои ба бозии ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 баромадани дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар Куала-Лумпур ба анҷом расид, табрику таҳният мегӯям.

Ин муборакбодиро ба ҳайати дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки зимни вохӯриҳо аз оғоз то ба анҷом бозии зебою фавқулода нишон дода, ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд, расонед.

Оилаи футболи Осиё ба дастаи мунтахаби шумо дар Чемпионати ҷаҳони соли 2019 дар Перу натиҷаҳои беҳтарин орзу менамояд ва ман интизори дидори шумо дар Конгресси 28-уми КФО, ки охири ин моҳ дар Куала –Лумпур баргузор мегардад, ҳастам.

Бо эҳтиром ва орзуҳои нек, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа».

 

 

Октябрь 8, 2018 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад