Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) оид ба футболро барои дарёфти роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2019 табрик намуд

Октябрь 1, 2018 14:38

ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16)  оид ба футбол дар рақобати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо шикаст додани дастаи Кореяи Шимолӣ 1:1 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) барои худ на танҳо ба сабқати нимниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ кушод, балки роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки баргузориаш дар кишвари Перу дар назар аст, ба даст овард. Бо ин комёбии назарраси деринтизор футболбозони дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистонро президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфт.

Дар номаи табрикотии президенти ФФТ, аз ҷумла омадааст: «Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ифтихори дарёфти роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки баргузориаш тобистони соли оянда дар кишвари Перу мавриди назар аст, аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Билохира фурсате фаро расид, то аз ҳосили заҳматҳои ҳамвораи душвори хеш ком ширин кунем. Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ба ҳайати бозингарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ бинмоям. Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро барои худ ва ҳама туфайли заҳмати ҳамвораву тоқатхора, таҳаммули ранҷу азоб ва азми қавию қатъию фидокорӣ фароҳам сохтанд. Аҳсан, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокорию мубориза дар роҳи ҳифзи нангу номи меҳан! Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо аз дастаи мунтахаби мамлакат пуштибонӣ менамуданд! Ба дастаи мунтахаби сарбаланду пирӯзи футболбозони умедбахши тоҷик дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё-2018 кушоиши кор ва авҷу барор таманно мекунам!», — иброз намудааст президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар сомонаи расмии ФФТ.

Октябрь 1, 2018 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад