Сафари Пешвои миллат ба Япония, таҷлили Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2018/03/obzor.jpg)
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтае, ки сипарӣ шуд, масоили марбут ба чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланди дар Душанбе баргузоргашта дар сархати рӯзномаю маҷллаҳо қарор пазируфтанд. Шореҳи АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО чанде аз онҳоро варақ мезанад…
Дар пойтахти Тоҷикистон 28 сентябр Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова иштирок намуданд. Расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз Шоми дӯстӣ, ки қабл аз шурӯи кори ҷаласа дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ ташкил карда шуд, гузоришҳои тасвирии зиёд омода ва паҳн намудаанд.
Ҷараёни кори ҷаласа, изҳороти муштараки матбуотӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷонибае, ки дар ҳошияи ҷаласаи мазкур доир гардид, муҳтавои умумии матбуоти даврии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (03.10.2018, №194) дар бораи сафари расмии Пешвои миллат ба Япония гузориш нашр кардааст. Дар гузориши мазкур зикр мешавад, ки пас аз истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар Боғи ёдбуди сулҳ дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ дар шаҳри Хиросима гулчанбар гузоштанд.
Ҳоло сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Япония идома дошта, дар назар аст, ки Пешвои миллат аз шаҳрҳои Киото ва Токио дидан намуда, бо роҳбарони сатҳи олии Япония дидору мулоқот доир намоянд.
Дар ин шумора достони тозаэҷоди Кароматулло Олимзода бо номи «Гаҳвораи адл» чоп шудааст. Достони мазкур дар шакли манзума нашр гардида, аз бобҳои алоҳида иборат аст ва ҳар боби он ба ҳаводису воқеаҳои алоҳидаи солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва талошу ҷоннисории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат бахшида шудааст.
«Забони адабии тоҷикӣ: аз оғоз то имрӯз» — мақолаи дотсент Маҳмаддовуд Саломов, мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ аст, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шудааст.
Дар ин шумора ҳамчунин хабару гузоришҳои дигар бо сарлавҳаҳои «Қасри фарҳанг. Армуғони Пешвои миллат ба сокинони Шуғнон», «Созмони ҳамкории Шанхай. Роҳбарии Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ба Тоҷикистон мегузарад», «Қубодиён-мавзеи бостонии Тоҷикистон» нашр шудаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (04.10.2018, №120) аз ҷаласаи нахустини Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум гузориши васеъ нашр кардааст. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати котибот, ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон, гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардид. Инчунин тартиби инъикоси рафти кори ҷаласаҳо муқаррар карда шуд. Баъдан вакилон ба баррасии лоиҳаи қонунҳо оғоз намуданд.
Рӯзноманигори нашрия Ҷамшеди Сабоҳиддин дар ин шумора мусоҳибаи худ бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзодаро «Арҷ гузоштан ба забон қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифат аст» номгузорӣ намудааст. Зимни мусоҳиба Г. Шарофзода оид ба вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ андешаҳояшро баён дошта, махсус таъкид мекунад: «Набояд фаромӯш кард, ки агар дар олам зиёда аз 7000 ҳазор забон вуҷуд дошта бошад, танҳо 100-тои он мақоми давлатӣ доранд. Забони тоҷикӣ дар қатори ин садгона аст. Ин гувоҳи хеле қадимӣ будан ва таърихи тамаддуни оламро гаҳвораҷунбонӣ кардани он мебошад».
Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султонов, ки «Сабаби норасоии пули нақд дар банкоматҳо дар чист?» номгузорӣ гардидааст, ба мушкили рӯзмарраи сокинони ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Муаллиф ба мавзӯи рӯз даст зада, кӯшиш намудааст ба саволи дар сарлавҳа гузоштааш посух пайдо намояд.
Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (03.10.2018, №40) дар бораи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония ва баргузории Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ бо сарлавҳаи «В Душанбе состоялось заседание Совета глав государств – участников СНГ» чоп кардааст.
Оид ба сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон чандин хабару гузоришҳоро зери сарлавҳаҳои «Президент Республики Узбекистан посетил Таджикистан», «Открытия Парка «Низомиддина Алишер Навои», «Посещение главами государств Таджикистана и Узбекистана ГУП «Ширкати алюминии тоҷик» и открытие совместного предприятия «ТАЛКО – КРАНТАС» нашр намудааст.
«Труженик на поприще политики» порае аз китоби мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ва нависанда Воҳид Ғаффорӣ «Вдохновитель национального ренессанса» мебошад, ки ҳафтанома бознашр кардааст. Китоби мазкур ба фаъолияти самараноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатшиноси бузург ва Сарвари давлати тоҷикон бахшида шудааст.
Бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки 30 сентябр ҷашн гирифта мешавад бо сарлавҳаи «Джалолиддин Балхи – звезда таджикско-персидской классической поэзии» мақола чоп намудааст.
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (04.10.2018, №40) табрикоти Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар иртибот ба ғалабаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар марҳилаи чорякниҳоии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 ва ба даст овардани роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон -2019 нашр намудааст. Дар матни табрикот, аз ҷумла омадааст: «Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ба ҳайати бозингарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ бинмоям. Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро барои худ ва ҳама туфайли заҳмати ҳамвораву тоқатхора, таҳаммули ранҷу азоб ва азми қавию қатъию фидокорӣ фароҳам сохтанд. Аҳсан, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокорию мубориза дар роҳи ҳифзи нангу номи меҳан!».
«Қадр кардани ҳастӣ асоси пешгирии нашъамандист» мақолаи рӯзноманигор Хуршед Ховарӣ аст, ки ба яке аз проблемаҳои мубрами на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми сайёра бахшида шудааст. Дар мақолаи мазкур муаллиф бо истифода аз андешаҳои мутахассисон ва муқоисаи далелу рақамҳо талоши пайдо намудани роҳи кам кардани нашъамандиро намудааст.
Шаҳбози Асомиддин бо яке аз варзишгарони соҳибистеъдоди кишвар, қаиқрон Шаҳриёр Даминов, ки дар бозиҳои тобистонаи Осиё медали нуқра ба даст овард, мусоҳиба анҷом додааст. Варзишгар зимни мусоҳиба аз шароити тамрин ва мутахассисони соҳа сухан ронда, инчунин камбудиву норасоиҳои ин намуди варзишро баён намудааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (03.10.2018, №40) ин шумораи худро пурра ба Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшидааст. Масъулони ҳафтанома аз ҷараёни кори ҷаласа, изҳороти матбуотӣ, мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони давлатҳо, иштирок дар Шоми дӯстӣ гузоришҳои васеъ нашр намудаанд. Ба мулоқотҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро ба таври васеъ инъикос кардаанд.