Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар шаҳри Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, 10 октябр, дар рӯзи чоруми мусобиқаи дзюдо қувваозмоиҳои даставии омехта баргузор шуданд. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд.
Варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни -66кг ҷои нуҳумро ишғол карда буд, дар ҳайати даставии «Рио-де-Жанейро» ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминович), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Женишебов), Россия (Абрек Нагучев), Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро сазовор шуд.
Дар ҳайати даставӣ дастаи мунтахаби «Пекин» ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи «Афина» ҷои дуюм, дастаҳои «Рио-де-Жанейро» ва «Лондон» зинаи сеюмро сазовор шуданд.
Намояндаи дигари кишвари мо Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 м қувва озмуда, дар даври интихобӣ миёни 20 варзишгар бо натиҷаи 538-7 ҷои 20-умро ишғол намуд.
Баъд аз 4 рӯзи натиҷагирии мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон-2018 варзишгарони Россия бо 21 медал (16 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) дар ҷои аввал ҳастанд.
Дастаи мунтахаби Венгрия бо 10 медал (8-1-1) дар мақоми дуюм, дастаи мунтахаби Япония бо 10 медал (4-3-3) дар мақоми сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 63 давлат соҳиби медал гаштаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






