ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2018 аст

Октябрь 12, 2018 07:55

12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

12 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии биноӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

 ***

Дар Россия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

 ***

Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

РӮЙДОДҲО:

12 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV Маркази исмоилияи шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд.

***

12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

***

2 сол пеш, 12 октябри соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.

***

12 октябр соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.

***

117 сол муқаддам, 12 октябри соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти ИМА- ро расман  «Қасри сафед» номгузорӣ намуд.

***

  12 октябри соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуда буданд ва аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 млн доллар фурӯхтанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1968 дар Мехико Бозиҳои XIX олимпӣ доир гарида, 27 октябр ба анҷом расиданд.

***

Соли 1999 дар пойтахти Босния- шаҳри Сараево  6-миллиардумин сокини сайёра ба дунё омад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Октябрь 12, 2018 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш