ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2018 аст
13 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуданд.
***
2 сол пеш, 13 октябри 2016 дар шаҳри Ереван Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд.
13 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии тухм.
***
Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.
***
Рӯзи фермерҳо дар ИМА.
РӮЙДОДҲО:
13 октябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
***
13 октябри соли 1964 Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис дода шуд.
***
12 сол муқаддам, 13 октябри соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.
***
13 октябри соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки аз соли 1902 расман ҳамчун «Қасри сафед» номгузорӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.
***
13 октябри соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1972 ҳавопаймои Шӯравӣ Ил-62 дар қарибии Москва ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб меёфт.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.









Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






