ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2018 аст

Октябрь 6, 2018 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

16 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардиданд.

6 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср рӯзи артиш.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).

РӮЙДОДҲО:

 6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

***

86 сол муқаддам, 6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.

***

6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дар қатора дуздӣ сурат гирифт, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

 

Октябрь 6, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш