Табибон ва беморони Хоруғ аз таҷриба, ташхис ва табобати духтурони варзидаи Швейтсария баҳра мебардоранд
ХОРУҒ, 8.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон ва Фонди Швейтсария оид ба рушд панҷ нафар табибони ин кишвар ҳамроҳ бо ҳамкасбони маҳаллии худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҳафта боз беморонро муоина ва табобат доранд. Сардухтури беморхонаи шаҳри Хоруғ Саидбек Давлатбеков гуфт, ки мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани дониши назариявию амалии табибони маҳаллӣ мебошад. Муҳлати лоиҳаи мазкур панҷ сол буда, маҳали тадбиқи он шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интихоб шудааст.
Президенти гурӯҳи ҷарроҳони Швейтсария Андре Родсел баён дошт, ки «ин сафари аввалини ман ба шаҳри Хоруғ нест. Қаблан низ ба ин шаҳри зебо сафар карда будам ва роҷеъ ба тибби муосир бо табибони маҳаллӣ мубодилаи афкор карда, дар чанд амалиёти ҷарроҳӣ ширкат доштам. Табибони маҳаллӣ дорои донишу таҷрибаи кофӣ ҳастанд ва аз ҳамтоёни хориҷии худ ҳеҷ камӣ надоранд. Фарқ фақат дар ин аст, ки табибони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Швейтсария ба таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештар доранд. Яке аз мақсадҳои дигари барномаи мазкур ба қадри имкон таъмин кардани беморхонаҳо бо чунин таҷҳизот ва тарзи истифодаи он мебошад. Имсол ҳам чанд намуди таҷҳизоти тиббиро ба ихтиёри табибони беморхонаи шаҳри Хоруғ гузоштем».
Дар доираи сафари Фонди швейтсарии рушд табибони беморхонаҳои мухталифи ин кишвар дар дастрас кардани ин таҳҷизоти тиббӣ саҳм гузоштанд.
Ба гуфтаи сардухтури беморхонаи мазкур Саидбек Давлатбеков, «давоми як ҳафтаи охир табибони маҳаллӣ ҳамроҳ бо ҳамкасбони хориҷӣ даҳҳо нафар беморонро ройгон ташхис намуда, ду амалиёти мураккаби ҷарроҳиро муваффақона анҷом доданд. Ба ҳайати ин гурӯҳ ҷарроҳон, анестизиологҳо, табибони бемориҳои занона, уролог, радиолог ва онколог шомил мебошанд, ки собиқаи кориашон аз 6 то 13 сол мебошад.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи фонди Швейтсария дар соҳаи тиб фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз намуда, панҷ соли оянда ин ҳамкориро идома медиҳад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






