ТАРАННУМИ «ГУФТ, КИ ҲАР ДУ» ВА «Я ВСТРЕТИЛ ДЕВУШКУ» ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 9.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шоми 8 октябр дар Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург барномаи мутантани консертии устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони тоҷик баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи консертӣ аз ҷониби сокинон ва меҳмонони шаҳри Санкт-Петербург бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид. Хусусан «Рақси гулҳо» ва «Чоргоҳи чор» дар иҷрои гулдухтарони Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола», сурудҳои «Гуфт, ки ҳар ду» дар иҷрои Таҳмина Ниёзова ва «Я встретил девушку» дар иҷрои Зафар Абдуалимов писанди тамошобинон гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россияро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба уҳда дошта, ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров санъату фарҳанги тоҷикро муаррифӣ менамоянд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






