ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО «РОҒУН» РӮЗҲОИ БАШУМОР БОҚӢ МОНДААНД! Андешаҳои Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар бораи иншооти азими аср
ДУШАНБЕ, 17.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. То ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» камтар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст. Интизор меравад, ки агрегати нахустини ин иншооти аср 16 ноябри соли равон расман ба истифода дода шавад. Дар ин бора дар оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд. Дар робита ба корҳои таҳқиқотии бунёди иншооти муҳими аср—«НБО Роғун», нақши он дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва аҳамияти он хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод РАҲИМӢ мусоҳиба орост.
АМИТ «Ховар»: Ҳукумати кишвар истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон дошт ва бунёди саривақтии «НБО Роғун» дар роҳи расидан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт. Муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, оё метавонем бигӯем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 27 соли истиқололият дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошт?
Фарҳод Раҳимӣ: Бале. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тавре маълум аст, бе истиқлолияти энергетикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам овардан ғайриимкон аст.
Маҳз ҳамин нуктаро ба инобат гирифта, давлату Ҳукумати кишвар истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои бузургтарини стратегии худ эълон намуд. Ва ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 27 соли истиқлолият дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошт ва ба яке аз намунаҳои олии он чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид. Ин намуна ва самара сохтмони Неругоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» мебошад, ки гарчанде заминаи бунёди он ҳанӯз аз солҳои собиқ Ҳукумати Шӯравӣ оғоз ёфта буд, аммо оғози корҳои асосии ин сохтмони бузурги аср маҳз тавассути сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурўъ гардид ва ҳоло босуръат идома дорад. Аз ин рӯ, НБО «Роғун» дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ифтихори миллии халқи шарифи Тоҷикистон табдил ёфт. Чунки пас аз пош хӯрдани собиқ ИҶШС яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ гардид ва мусаллам аст, ки солҳои дароз ин мушкилот ҳалли худро намеёфт.
Бинобар ин, НБО «Роғун» иншооти ҳаётан муҳими стратегии кишвар ва бузургтарин неругоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ҷараёни сохтмони ин иншоот чун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо аз тарафи гидроэнергетику гидрологҳо, климатологу экологҳо, геологу сейсмологҳо ва мутахассисони соҳавӣ, балки аз ҷониби ҷомеашиносону хабарнигорон ва дипломату сиёсатшиносон низ мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, аз ҳамаи санҷишҳо пурра гузашт.
То ба ҷидду ҷаҳд оғоз намудани корҳои сохтмонии ин иншооти муҳим мардуми меҳнатдӯсти мо як қатор иншооти муҳташам, аз ҷумла НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаю ҳазорҳо километр роҳҳоро бунёд карда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ андӯхт. Зеро бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000, таҷдиди НОБ «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 220- киловолтаи «Лолазор-Хатлон» бо зеристгоҳҳои барқии «Лолазор» ва «Хатлон», хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст.
АМИТ «Ховар»: Корҳои таҳқиқотии бунёди иншооти муҳими аср— НБО «Роғун» кай оғоз гардиданд ва лоиҳаи сохтмони он дар куҷо таҳия карда шуд?
Фарҳод Раҳимӣ: Корҳои таҳқиқотии бунёди НБО «Роғун» ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта зери роҳбарии В.А. Горбунов оғоз ёфта буданд. Зимни корҳои таҳқиқотӣ маълум гардид, ки мавқеи бунёдшавандаи он дар шарқ ва шимолу ғарб бо қаторкӯҳҳои Қаротегину Дарвоз иҳота карда шудааст. Вале корҳои лоиҳакашии иншооти муҳташам танҳо соли 1960 оғоз гардид, чунки солҳои 70-80-ум асри гузашта бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ зарурати сохтани иншооти нави барқи обӣ ба миён омад.
Бинобар ин, лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» дар шуъбаи осиёимарказии Донишкадаи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд дар аввали солҳои 70-ум таҳия карда шуда, лоиҳаи мазкур соли 1974 аз ҷониби Кумитаи давлатии сохтмонии ИҶШС тасдиқ гардид. Вале пошхӯрии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба итмом расонида шавад.
Бинобар сабабе, ки «НБО Роғун» на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад, бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳо корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург баъд аз чанд соли қатъ боз ҳусни оғоз пайдо карданд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад давлатҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.
АМИТ «Ховар»: Баъд аз пур шудани обанбор сатҳи об метавонад микроиқлими маҳалро тағйир диҳад, ё ин ки мо метавонем аз он обе, ки дар обанбор ҷамъ мегардад, баҳрабардорӣ кунем?
Фарҳод Раҳимӣ: Пас аз пур шудани обанбор сатҳи об метавонад микроиқлими маҳалро тағйир дода, ба бою рангин шудани экосистемаи маҳал мусоидат кунад ва деградатсияи пиряхҳои болообро боз медорад. Ҳамзамон аз обе, ки дар обанбор ҷамъ мегардад, дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузург метавонем истифода намоем.
Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисоди кишвар такон бахшад. Ҳамчунин энергияи истеҳсолшавандаи НБО «Роғун» на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, ки як қисм неруи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Аз ин рӯ, бунёди НБО «Роғун» армони миллати сарбаланду тамаддунсози тоҷик буда, ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати минтақа, дар маҷмӯъ як гӯшаи сайёра аст.
АМИТ «Ховар»: Неругоҳи «Роғун» аз рӯи иқтидор, ки дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аз боло нуҳум аст, дар минтақа калонтарин неругоҳи барқи обӣ хоҳад буд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани тамоми неругоҳҳои он коркарди солонаи неруи барқ то ба чанд кВт/ст мерасад?
Фарҳод Раҳимӣ: «НБО Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Нерўгоҳ дорои 6 агрегат мегардад, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳ бо тавоноии 3600 мегаватт (беш аз 18 млрд кВт/соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки дарёи Вахш 524 км дарозӣ ва 39100 км2 ҳавзаи обҷамъкунӣ дошта, аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. Захираи гидроэнергетикии он ба 45 млрд. кВт/ст баробар буда, захираи гидроэнергетикии шохобҳои он — Обихингоб то ба 17,6 млрд кВт/ст ва Сурхоб то ба 14,7 млрд кВт/ст мерасад.
Силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бузургтарин комплекси гидроэнергетикии ҷумҳурӣ буда, ҳамаи неругоҳҳои он дар поёноби дарё бунёд гардидаанд. Ин силсиланеругоҳҳо аз ҳафт неругоҳи амалкунанда ва ду неругоҳе, ки дар марҳилаи сохтмонӣ қарор доранд, иборат мебошад. Барои ба кор даровардани се неругоҳи зинаи поёнии ин силсиланеругоҳҳо каналҳои бузург ба истифода дода шудаанд.
Дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, НБО «Норак» соли 1972, «Бойғозӣ» соли 1986, «Сангтӯда-1» соли 2008 ва «Сангтӯда-2» соли 2014 ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» идома дошта, НБО «Шӯроб», ки 12 км поёнтар аз сарбанди Роғун ва 110 км шарқтар аз Душанбе воқеъ гардидааст, дар ҳолати коркард қарор дорад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги гидрологӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои маъданӣ ва зеризаминӣ буда, саҳми релефи он дар ташаккули обҳои дохилии ҳавзаи баҳри Арал хеле калон аст. Аз 115,6 км3 — и обҳои ҷории ҳудуди Осиёи Марказӣ 93,33 км3 ё 80,7%-и он дар кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тавлид меёбад. Аз ин миқдор 60% ё 64 км3 обҳои ҳавзаи баҳри Арал дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид мешаванд, ки 62,9 км3 (80,17%) ба ҳавзаи дарёи Аму ва 1,1 км3 (3%) ба ҳавзаи дарёи Сир рост меояд.
АМИТ «Ховар»: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳои зиёд мавҷуданд. Ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди мамлакат мегузаранд, дар як сол чанд км3 обро ташкил медиҳанд ва иқтидори солонаи гидроэнергетикии онҳо ба чанд кВт/соат мерасад?
Фарҳод Раҳимӣ: Дар Тоҷикистон 985 дарёҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 1000 км дарозӣ доранд ва ба ҳиссаи дарёҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккулёбанда 54 км3, ҳиссаи кӯлҳо 46 км3 (аз ин миқдор 20 км3 оби ширин) ва ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ беш аз 6 км3 об рост меояд. Иқтидори солонаи гидроэнергетикии дарёҳои Тоҷикистон ба 527 млрд кВт/соат мерасад. Умуман ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ), соле 72 км3 обро ташкил медиҳанд ва ин ба сари ҳар нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ соле ба 12 ҳазор м3 мерасад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалро соҳиб аст.
Тоҷикистон дар миёни давлатҳои ҷаҳон аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ мақоми ҳаштумро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, барои давлатҳои болооби ҳавзаи баҳри Арал — Тоҷикистон ва Қирғизистон потенсиали энергетикии дарёҳо муҳим буда, барои кишварҳои поёноб — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон потенсиали мелиоративию ирригатсионӣ муҳимтар аст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин масъала, замоне, ки тарҳи бунёди НБО «Роғун» таҳия гардид, масоили обёрӣ дар кишварҳои поёноб пурра ба назар гирифта шуда буд.
Ҳанӯз соли 1990 дар ҳисоботи Институти «Союзгипроводхлопок»-и Тошканд гуфта шуда буд, ки бунёди Роғун имконият медиҳад камбудии норасоии об дар ҳавзаи Амударё бартараф гардад. Ин ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҳавзаи баҳри Арал аст. Зеро бунёди НБО «Роғун» танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи дарёи Аму таъмин мекунад ва зиёда аз ин, имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 млн га замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои поёноб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо бунёди НБО «Роғун» аҳамияти бештари иқтисодӣ пайдо кардааст ва баъди ба истифода додани ин иншооти муҳиму стратегӣ он метавонад ба Тоҷикистон ва минтақа солиёни дароз хидмат кунад…
Фарҳод Раҳимӣ: Бале, бунёди «Роғун» заминаи мустаҳкаме барои бунёди саноат, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, яъне таъмини ҷойи кор ба ҳазорон нафар мегардад ва неруи барқе, ки аз он истеҳсол мешавад, барои рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти аҳолӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодии минтақа мусоидат мекунад. Ба замми ин «Роғун» манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонад беохир давом кунад.
Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки «Роғун» ба арсаи шуҷоату ҷоннисориҳо, мактаби худшиносиву камолот, минбари баланди ифтихор ва набарди пирӯзиҳои миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо табдил ёфт. Бунёди ин иншооти муҳиму тақдирсоз мақсади наҷиби на фақат созандагони он аст, балки ормони баланди тамоми миллати тоҷикистонист, зеро бунёди НБО «Роғун» бунёди худи мо, миллати мо, меҳани мо, ояндаи тобони мо ва исботи қавии ҳастии бегазанди халқи шарифи Тоҷикистон аст.