ТО БА ИСТИФОДА ДОДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НБО «РОҒУН» РӮЗҲОИ БАШУМОР БОҚӢ МОНДААНД! Бунёди ин иншооти аср Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур табдил медиҳад

Октябрь 23, 2018 13:57

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. То ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Дар назар аст, ки чархаи нахустини ин иншооти аср 16 ноябри соли равон расман ба истифода дода шавад.  Дар ин бора оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини хабар дода буд. Дар робита ба бунёди ин иншооти муҳим директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор  Абдусалом Мирализода андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

Боиси хушнудист, ки мо имрӯз дар остонаи ифтитоҳи иншооти бузурги электроэнергетикии миллӣ қарор дорем. Воқеан аз муждаи ифтитоҳи ин неругоҳ қалби мардумро шодию фараҳ тасхир кардааст. Санаи ба кор даровардани аввалин чархаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро ин иншооти аср барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, ба хусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли кишвар муқаррар намуданд.

Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ду неругоҳи барқи обӣ – «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бахти миллати тоҷик чархаи аввали «НБО Роғун» рӯзҳои наздик ба кор дароварда мешавад. Қабули Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ давоми солҳои 2009-2020 раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа мебахшад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун 26 июли соли равон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ ҷиҳати баҳрабардории чархаи аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Натиҷаи ҳамин иқдомҳо буд, ки бори аввал зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бе маҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Зеро 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин ҳатто тараққиёти соҳаи кишоварзӣ назар ба тавлиди неруи барқ дар кишварамон маҳдудтар ҳисобида мешавад. Шумораи зиёди дарёҳои хурду калон Тоҷикистонро аз бобати захираҳои гидроэнергетикӣ, хусусан «энергияи сабз» яке аз ғанитарин кишварҳои олам гардонидааст.

Бо вуҷуди кишвари сероб будани Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба обро пайваста аз минбарҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Аз рӯйи маълумот, бар асари гармшавии иқлим дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 он сабаби танқисӣ кашидани зиёда аз 40 %-и сокинони сайёра аз оби ошомиданӣ хоҳад шуд. Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудаанд ва ташаббускори қатъномаҳои даҳ соли охири СММ оид ба масоили марбут ба об буда, ба ҷаҳониён собит намудаанд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди дар саргаҳи об будан ташаббускори ҳалли масоили марбут ба об дар сайёра мебошад.

Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср- лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, самараҳои аввалини он ба бор меоянд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10 июли соли 1972 сабт гардидааст. Дар ин рӯз сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Соболёв варақаи оғози корро пур кардааст. Сохтмони неругоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд. Танҳо баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ муяссар шуд, ки бунёди неругоҳи Роғун дубора эҳё гардад.

Дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона дар назар аст, ки 16 ноябри соли равон аввалин чархаи ин неругоҳи азим ба кор дароварда шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило С.п.А.» (Salini Impregilo SpA) созишнома ба имзо расонд. Тибқи иттилои расмӣ, маблағи умумии ин созишнома 3,9 млрд долларро ташкил дода, танҳо маблағи сохтмони садди асосии неругоҳ 1 млрду 950 млн. доллар мебошад.

Иқтидори лоиҳавии «НБО Роғун» 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.

Дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан ва бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ мебахшад. Хусусан 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид. Дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 – расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «НБО Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.

Мавриди таъкид аст, ки барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ барномаҳои гуногун амалӣ намояд. Ин барномаҳо аз сохтмони неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рӯдҳои мамлакат, неругоҳҳои аловӣ ва инчунин истифодаи неруи офтоб иборат мебошанд.

Мутобиқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 адад неругоҳи хурд сохта шавад. Ҳоло зиёда аз 10 адад чунин неругоҳҳо бунёд гардидаанд. Илова бар ин, неругоҳҳои «Сангтӯда-1» бо иқтидори 2,7 млрд кВт/с ва «Сангтӯда-2» – 930 млн кВт/с ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар фаъолият мекунанд. Ҳарчанд ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетикии мамлакатро қисман таъмин намоянд ҳам, талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ карда наметавонанд. Бинобар ҳамин сохтмони пурраи НБО «Роғун» барои ҷумҳурии мо ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон бо сохтмони пурраи «НБО Роғун» ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозии бахши аъзами онҳо муваффақ буда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.

Хушбахтона, бо шарофати неъмати истиқлол дар зарфи 27 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооту сохтмонҳои азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рӯзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст.

Октябрь 23, 2018 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад