Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Марат Орифов даргузашт

Октябрь 30, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2018./АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Душанбе пас аз бемории тӯлонӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҳунарманди шуҳратёри соҳаи кино Марат Орифов дар синни 84 дунёро тарк кард.

Марат Орифов 27 августи соли 1935 дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира) таваллуд шудааст. Модари ӯ ҳунарпеша ва сароянда, Ҳунарпешаи мардумии СССР ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Туҳфа Фозилова мебошад.

Солҳои 1954 – 1960 Марат Орифов дар факултети актёрии Институти театрӣ – бадеии Тошканд ба номи А.Н.Островский таҳсил намуда, соли 1965 факултети режиссёрии Институти давлатии кинематографияи Россия ба номи С. Герасимовро хатм намудааст.

Марат Орифов дар як зумра филмҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва студияҳои филмофарии дигар кишварҳо образҳои мукаммалу асосӣ офаридааст. Ибни Сино дар филми «Абуалӣ ибни Сино», Рӯдакӣ дар филми «Қисмати шоир», Сайфӣ дар «Вақти зангирии писар расид», Дузди Бағдод дар «Насриддин дар Хуҷанд ё шоҳзодаи хушсимо», Ширинкор дар «Коваи оҳангар» ва Аҳмад дар «Замони осоишта» аз ҷумлаи нақшҳое мебошанд, ки ҳунармандро дар дилу хотири тамошобинон ҷо намудаанд. Марат Орифов филмҳои бадеӣ ва бадеӣ- телевизионии «Ниссо», «Дили ман дар кӯҳсор», «Асрори қабила» ва «Муҳосира»-ро таҳия намудааст.

Солҳои 60 – 70-уми асри гузаштаро метавон давраи тиллоии фаъолияти ин ҳунарпеша номид. Дар ин давра ӯ дар даҳҳо филмҳо нақш офаридааст ва қаҳрамонҳои офаридааш писанди ҳамагон гардидаанд. Филмҳои «Абӯалӣ ибни Сино» (1956), «Насриддин дар Хуҷанд ё шоҳзодаи хушсурат» (1959), «Вақти зангирии писар расид», ки Марат Орифов дар онҳо нақш бозидааст, дар тарбия ва камолоти як насли тоҷикистонӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Пас аз офаридани нақш дар филми «Қисмати шоир», ки режиссёри шинохта Борис Кимёгаров дар асоси асари нависандаи машҳури тоҷик Сотим Улуғзода ба навор гирифта буд, Марат Орифов шӯҳрати беандозаро соҳиб гашт. Ин филм соли 1959 ба намоиш гузошта шуд. Барои иҷрои нақш дар ин филм Марат Орифов бо дипломи Кинофестивали умумииттифоқӣ дар Минск (1960) ва Ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии Қоҳира (1960) сарфароз гардонида шуд.

Охирин нақше, ки Марат Орифов бозидааст, дар филми «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов аст. Барои ин нақш ӯ ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона»-и Кинофестивали байналмилалии «Фаҷр» дар Эронро соҳиб гардид.

Октябрь 30, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Тоҷикистон сабадбофӣ бо шакли муосир рушд меёбад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Оид ба муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир конфронси байналмилалӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Анқара дастовардҳои китобдорӣ ва рақамикунонии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
«ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар Ҷумҳурии Арабии Миср маҷалла бо забони арабӣ нашр гардид
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо 7 забон тарҷума ва нашр гардид
Дар шаҳри Дюсселдорф барномаи фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия намоиши театрии «Ҷавонии Мушфиқӣ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нақши оила дар камолоти маънавии фарзанд ҳамоиш доир шуд
Ба беш аз 13 ҳазор оилаи ноҳияи Муъминобод «Шоҳнома»-и безавол тақдим мегардад
Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд