Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ соҳиби медали тилло гардид!
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қаиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.
Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ доданд, 22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Шаҳриёр ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, 25 октябр ба анҷом мерасад.
Аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






