«ХАБАРҲОИ МУҒРИЗОНА СУПОРИШИ ХОҶАГОНИ ПАСИПАРДАГИИ ГУРӮҲҲОИ ХИЛОФКОР АСТ!». Вокуниши олимон ва ходимони дин ба аксияи АМИТ «Ховар» «Мо-зидди таассуб ва ифротгароӣ!»

Октябрь 25, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз эълони аксияи бемуҳлати умумимиллии «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ!», ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» эълон  намудааст, ҳудуди як моҳ сипарӣ мешавад. Агентӣ  барои иштирок дар ин аксия аз хонандагони муҳтарам,  шахсони касбу кори гуногун, олимону донишманон ва сокинони Ватани маҳбубамон  даъват намудааст, ки ба он бипайванданд ва садо баланд кунанд. Мутаассифона баъзе расонаҳо, аз ҷумла сомонаи «Хабарҳо.сом» ин аксияро ба ислом рабт дода, навиштааст, ки АМИТ «Ховар» бар зидди ислом   маъракаи густурда эълон кардааст.  Даъвое, ки бебанду бор буда ва асосе надорад.

Чанд тан аз шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон — Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламои дини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло БАРОТЗОДА, раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғаффор МИРЗОЕВ, мудири бахши таърихи дини Академияи илмҳои ҶТ ба даъвои сомонаи «Хабарҳо» вокуниш нишон додаанд. Мулоҳизаҳои онҳо дар зер оварда мешаванд.

Файзулло БАРОТЗОДА:  — Аксияе, ки аз ҷониби АМИТ «Ховар» бар зидди таассуб ва ифротгароӣ эълон шудааст, маънои онро дорад, ки имрӯз  мавқеъ ва муносибати дуруст муайян кардан дар мубориза алайҳи таассуб ва ифротгароӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалаи мубрам маҳсуб мешавад ва воқеан равишу тамоюлҳои гуногуни ҷавонон  ҷиҳати  таассубу ифротгароӣ зоҳир намудан ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии имрӯза хусусияти хатару таҳдидҳои ҷиддӣ касб намудааст.

Аксияи АМИТ «Ховар» аз он ҷиҳат муҳим аст, ки шаҳрвандон ва теъдоди зиёде аз хонанадагони сомона фикру андешаҳои худро дар ин масъала баён медоранд. Аммо сомонаҳое, ки ин гуна иқдоми накӯро баҳои муғризона дода ва онро ба арзишҳо ва муқаддасоти дини мубини ислом рабт медиҳанд, ин камоли беэҳтиромӣ ва беадабист. Воқеан,  ҳизбҳое, ки хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ дошта, дар фазои иттилоотии ҷаҳони муосир, ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки теша ба решаи фарҳангҳои миллӣ бизананд ва даъвогарони сомонаи «Хабарҳо.сом» аз ин рӯйхат истисно нестанд ва мубориза бурдан алайҳи фарҳангҳои миллӣ дар доираи тамаддуни ислом низ собиқаи куҳна дорад.

Акнун, вақте ки АМИТ «Ховар» аксия алайҳи таассуб ва ифротгароиро эълом доштааст, ин кор дар матни муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатомез бисёр иқдоми саривақтӣ аст.

Бояд таъкид кунам, ки бо мақсади  дастгирӣ аз аксияи АМИТ «Ховар» Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 24 – 25 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд     Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа» –ро баргузор карданист. Мо умедворем, ки гузоришҳои илмие, ки дар ин чорабинӣ пешниҳод мегарданд, ҷавоби сазоворе ба муқобили ин бадкориҳо ва бадрафториҳои душманони  миллату фарҳанги тоҷик ва арзишу муқаддасоти дини мубини ислом хоҳад буд.

Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА: — Дар ин масъала Худованди Азза ва Ҷалла мефармояд, ки «Эй он касоне, ки шумо имон доред, инсонҳои моризу ғаразнок, вақте хабареро дар байни шумо паҳн карданд, шумо онро ошкор кунед ва равшан бигӯед». Ман фикр мекунам, ки модоме, ки ғараз аст, мехоҳанд кореро анҷом бидиҳанд ва чизе бигӯянд. Агар намегӯянд, хоҷагони хориҷиашон аз онҳо меранҷанд. Ин аст, ки бояд нуқтаеро пайдо кунанд, бояд чизеро дар байни мардум паҳн кунанд, то мардуми мусалмони тоҷикро мушавваш созанд ва бишӯронанд, ки ҳадафи асосиашон нооромӣ аст.

Агар ин супориши хоҷагон нест, пас чаро онҳо дар муқобили як воқеият истодагарӣ мекунанд ва муқобили воқеият ва ҳақиқат гап мезананд. Маълум мешавад, ки маҷбуранд то чунин кунанд. Чаро ки маблағҳои ҳангуфте гирифтаанд ва бояд онро ҷуброн  намоянд. Ошкору маълум аст, ки онҳо муғриз ҳастанд, ғаразе доранд, фикру аҳдофи пасипардагие доранд, хоҷагони пасипардагие доранд ва бояд ҳатмӣ ин гуна хабарҳоро дар байни мардум паҳн кунанд. Чун фикр мекунанд бо ин суханҳо онҳо дар ҷомеа мақоме пайдо мекунанд ва рӯзе мешавад, ки мардум аз пушти онҳо мераванд ва ё фикр мекунанд, ки рӯзе ба мақсади нопокашон, ки ноором кардани ҷомеа аст, мерасанд. Аммо ман фикр мекунам, ки онҳо бо ин аҳдофи нопокашон ҳеҷ гоҳ   намерасанд.

Ибтидо аз раҳбарияти давлат то аъзои ҳукумат, зиёиён, ходимони дин, идораҳои давлатӣ ва тамоми миллату давлат онҳоро хуб мешиносанд, ки ин нохалафон чӣ мехоҳанд. Тарафи дигари масъала ин аст, ки миллатии мо як бор пешпо хурда буд ва ҳамакнун ҳеҷ кас ба гуфтаи ин муғризон бовар намекунад ва аз пушти онҳо ҳеҷ кас низ намеравад.  Мо аксияи АМИТ «Ховар» –ро ҷонибдорӣ мекунем, зеро Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон бо ин иқдомоаш таассуб ва ифротгароиро маҳкум кардааст. Аммо барои гурӯҳҳои мутаассиб ва ифротгаро ин амали расонаи давлатии Тоҷикистон хушоянд нест.

Ғаффор МИРЗОЕВ:  — Воқеан шеваи куфру нафрин хондану гунаҳгор  донистани  ниҳодҳои давлатӣ ва худи давлат ин яке аз услуби гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ ҳаст, ки аз муддати зиёд ин  пешаро сармашқи фаъолияти хилофкоронаи худ кардаанд. Ва ҳама гуна амалҳо ва талоши ниҳодҳои давлатӣ, идораҳои расмӣ ва ҳатто давлати Тоҷикистонро гӯё дар муқобили дин қарор гирифтану ба ҳаққу ҳуқуқи мусалмонон ва ҳаёти динии онҳо дахолат кардану дигару дигар маънидод месозанд. Вале аз мавқеъгирию аз муносибати ин гурӯҳҳо маълум мешавад, ки вақте дар бораи арзишҳо ва меъёрҳои динӣ ва шаръӣ сухан меронанд, ҳамон дидгоҳҳои ғалат ва зиддиисломии  худро “исломӣ” медонанд. Ҳама гуна мавқеъ, меъёрҳо  ва муносибатҳои дигарро онҳо ғайри қобили қабул ва берун аз чорчӯбаи ислом пазироӣ мекунанд.

Ҳол он ки ниҳодҳои давлатӣ ва худи давлати Тоҷикистон ба арзишҳои динӣ чӣ гуна муносибат дорад, мо кушоду равшан ба василаи  қарорҳову қонунҳо ва дастурот огаҳем ва ҳеҷ ҷои пӯшида нест. Ҳатто дар вохурии охирини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли ҷорӣ,  дар арафаи моҳи шарифи Рамазон,  кушоду равшан гуфта буданд:  «Ислом ҳамчун яке аз меъёрҳои асосӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, эътиқодӣ ва  имонии мардумамон аст. Ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии вай вазифаи мост».

Вале иҷозат додан ба ин гурӯҳҳо, ки онҳо дидгоҳҳои динии худро баҳона карда,  ба арзишҳои миллӣ, ба арзишҳои тарихӣ, ба арзишҳои фарҳангии мо дахолат карда,  дигар ҳалқаҳои диниву фарҳангии моро осебпазир гардонанд, ин ташвишовар аст.

Аз ин лиҳоз, аксияи АМИТ «Ховар» алайҳи таассуб ва ифротгароӣ саривақтӣ буда, зарбае ба ин гуна гурӯҳҳои нохалаф аст. Бо нашри матолиби мухталиф амалҳои таассубангез ва ифротгароӣ дар кишвар рӯшан мегардадн. Ин гуна аксияҳо, ҳаракатҳо, ҳамоишҳо ва тадобири дигар заруранд. Мо аз ин иқдом ҳимоят мекунем ва кулли мардуми Тоҷикистонро  низ  даъват менамоем, то ба он ҳамроҳ шаванд.

 

Хуршеди ХОВАР,
АМИТ «ХОВАР»

 

 

 

Октябрь 25, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд