ЗИМИСТОНИ ИМСОЛА БАРВАҚТ ДАР МЕКӮБАД. Дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ омодагӣ ба давраи зимистон дар сатҳи паст ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Якбора сард шудани ҳаво ва пастшавии ҳарорат дар ҷумҳурӣ аз бармаҳал омадани фасли зимистон хабар медиҳад. Ҳамин аст, ки қабл аз фарорасии сардиҳо корҳои омодагӣ ба он сурат мегиранд, то дар фасли зимистон мушкилот пеш наоянд.
Бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 аз тарафи сохторҳои гуногун тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин самт соҳаи маориф истисно нест.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола баъди ба анҷом расидани машғулиятҳо дар мактабҳо ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар омодагӣ ба давраи зимистон шурӯъ мегардад. Сарварони раёсату шуъбаҳои маориф бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ба захира намудани ангишту ҳезум дар таълимгоҳҳо мусоидат мекунанд. Дар ин кор директорони мактабҳо саҳм гузошта, баҳри сари вақт иҷро намудани нақшаи муқарраргардида ҷаҳду талош менамоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли равон ба тасвиб расидааст, бо фармоиши Вазири маориф ва илм нақшаи чорабиниҳои вазорат тасдиқ гардида, Ситоди фаврӣ аз ҳисоби сардорони раёсат ва дигар масъулони соҳа ташкил карда шуд. Бо мақсади иҷрои банди 3,11-и нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати аз семоҳаи чорум ба семоҳаи дуюм ва сеюм гузаронидани маблағҳои пешбинигардида барои иҷрои корҳои таъмирӣ, хариди сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла, ангишту ҳезум ирсол шуда буд.
Тибқи маълумоти дастрасгардида, талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ ба 44 ҳазору 529 тонна ангишт, 47 ҳазору 847 метри мурабаъ ҳезум ва 132 ҳазору 359 литр сӯзишвории дизелӣ баробар буда, то 6 сентябри соли равон 21 ҳазору 581 тонна ангишт ё 48,5 фоиз, 18 ҳазору 93 метри мурабаъ ҳезум ё 37,8 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 12 ҳазору 30 литр ё 56,2 фоиз захира карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ин дам дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғд 78,9 фоиз, Хатлон 26 фоиз, ВМКБ 46,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 36,3 фоиз ангишт захира карда шудааст.
«Захира намудани ҳезум дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар вазъи ташвишовар қарор дошта, то ҳол вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳезумро тибқи нақша захира накардаанд»,-гуфтанд дар Вазорат.
Инчунин зикр шуд, ки дар масъалаи бо сӯзишвории дизелӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон то ин дам иҷрои нақша 2,6 фоиз, Суғд 50,6 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии ВМКБ ягон литр маводи сӯзишворӣ харида нашудааст.
Вазъи омодагӣ ба зимистон махсусан дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нигаронкунанда буда, ноҳияҳои Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканд, Носири Хисрав, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин захира намудани ҳезуму ангиштро ҳанӯз оғоз накардаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Шаҳритус, Ёвон, Данғара, Восеъ, Фархор, Темурмалик захираи ангишт аз 14 то 40 фоиз иҷро шудаасту халос. Танҳо шаҳри Норак ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 100 фоиз ангишт захира кардаанд.
Дар масъалаи бо ҳезум таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ шаҳру навоҳии Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Н. Хусрав, Ш.Шоҳин, Ховалинг ва Муъминобод умуман иқдом нанамудаанд. Шаҳру навоҳии Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Шаҳристон, Ёвон, Н.Хусрав, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод ва Ш.Шоҳин ягон литр маводи сӯзишвории дизелӣ захира накардаанд.
Дар ин самт нишондиҳандаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд назаррас буда, чанде аз ин шаҳру навоҳӣ, монанди Бӯстон, Гулистон, Ҷ.Расулов, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ, Истаравшан ва Кӯҳистони Мастчоҳ захираи ангиштро 100 фоиз иҷро намудаанд.
Дар масъалаи таъминот бо ҳезум ба ҷуз ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ дигар шаҳру навоҳии вилоят пурра нақшаи давлатиро иҷро кардаанд.
Шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Зафаробод, Истаравшан ва Айнӣ умуман таъминоти таълимгоҳҳоро бо маводи сӯзишвориро оғоз накардаанд.
Дар ин самт шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Ҷ.Расулов, Деваштич, Шаҳристон пешқадам буда, нақшаи пешбинишударо барзиёд ба сомон расондаанд.
Дар шаҳру навоҳии ВМКБ, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ ба захираи ангишту ҳезум то имрӯз ҳатто шурӯъ накардаанд. Дар ноҳияҳои Дарвоз 94,9 фоиз, Ванҷ 55 фоиз, Рӯшон 25,7 фоиз, Шуғнон 61,4 фоиз, Роштқалъа 67,2 фоиз, Ишкошим 16,8 фоиз, Мурғоб 28,6 фоиз ва дар вилоят 46,5 фоиз ангишт захира карда шудааст.
Дар ноҳияи Дарвоз нақшаи захираи ҳезум иҷро шуда бошад ҳам (ба ҷойи 789 м3 ҳезум 802 м3), дар ноҳияҳои Ванҷ он 66,8 фоиз, Рӯшон 4,6 фоиз, Шуғнон 24,8 фоиз, Роштқалъа 86,6 фоиз, Ишкошим 0,5 фоиз ва Мурғоб 12,6 фоизро ташкил медиҳад. Масъалаи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо маводи сӯзишворӣ дар маҷмӯъ дар вилоят ба ҳоли худ гузошта шуда, то ин дам ягон литр сӯзишвории дизелӣ захира карда нашудааст.
Мутаассифона, чунин вазъият дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ба таври мисол, шаҳру навоҳии Ҳисор, Шаҳринав, Рашт ва Лахш то ҳол ба захира намудани ангишт оғоз накардаанд.
Навоҳии Варзоб то ин дам 56,2 фоиз, Рӯдакӣ 65,8 фоиз, Ваҳдат 39,5 фоиз, Турсунзода 15,3 фоиз, Файзобод 86,8 фоиз, Нуробод 40,6 фоиз, Тоҷикобод 39,9 фоиз, Сангвор 51,7 фоиз ва дар умум, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баробари 36,3 фоиз ангишт захира намудаанд.
Танҳо шаҳри Роғун захираи ангиштро 100 фоиз тибқи нақшаи пешбинишуда иҷро кардааст.
Таъмини муассисаҳои таълимии НТҶ бо ҳезум низ қонеъкунанда нест. Шаҳру навоҳии Ҳисор, Рашт, Сангвор ва Лахш умуман ба захираи ҳезум шурӯъ накардаанд.
Дар ин бобат ноҳияҳои Файзобод ва Тоҷикобод пешсаф буда, нақшаи захира намудани ҳезумро 100 фоиз иҷро кардаанд.
Шаҳру навоҳии Шаҳринав, Ҳисор, Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Лахш ягон литр маводи сӯзишвории дизелӣ захира накардаанд.
Маълумоти омории мазкур бозгӯйи он аст, ки аз сабаби сари вақт аз ҷониби мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷудо нагардидани маблағҳои ба ин самт пешбинигардида захираи ангишт дар қаламрави вилоят нокифоя мебошад.
Санҷишҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии буғхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолияти 48 адад бесамар (соли баистифодадиҳияшон 1949-1989) ва барқарор намудани онҳо ғайриимкон гардидааст. Аз ин шумора 20 адад ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, 22 адад ба вилояти Хатлон ва 6 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва миёнаи умумии мақомоти ҷумҳуриявӣ то 6 сентябри соли 2018 бақияи ангишт аз давраи зимистони соли гузашта ба андозаи 6 ҳазору 487 тонна ва ҳезум 4 ҳазору 859 метри мураббаъ баробар мебошад.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорони раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади сарфа намудани қувваи барқ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати насб намудани ҳисобкунакҳо ва лампаҳои каммасраф дар тамоми муассисаҳои соҳаи маориф тадбирҳои амалӣ андешанд.
Масъулони шаҳру навоҳии кишвар ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки ҳар чи зудтар аз нишондиҳандаҳои зикршуда хулосаи даркорӣ бароварда, мушкилоти мавҷударо дар масъалаи захира намудани ангишту ҳезум ба таври мусбат ҳал намоянд, зеро хунукиҳои имрӯза аз барвақт ва сард омадани зимистони имсола дарак медиҳанд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»