Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов ба Ватан баргашт

Ноябрь 14, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 14.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 13 ба 14 ноябр  ҳайати  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо аз кишвари баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018- шаҳри Бухарести Руминия ба Ватан баргашт. Чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони ин маъракаи сатҳи ҷаҳониро дар қатори масъулини соҳа ҳаводорони зиёди соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи ғолибони Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон ва ҳаводорони сершумори ин намуди гӯштин дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Тавре аз  Федератсияи самбои Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз 9 то 11 ноябр идома ёфт, паҳлавони ҷавони  тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ унвони чемпиони ҷаҳонро дар вазни 62 кг ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз се тан самбочии дигари мамлакат- Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки Хушқадам Хусравов дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Чемпиони дигари ҷаҳон Беҳрӯзи Хоҷазода ҳам феълан донишҷӯи ин Донишкада аст.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо 12 тан варзишгар- 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 тани дигар дар самбои размӣ намояндагӣ карданд. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 3-юмро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки соли гузашта дар шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, паҳлавонони   тоҷик бо шумули 11 нафар панҷ медал — як тилло, ду нуқра ва ду нишони биринҷӣ  ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Россия мақоми дуюмро касб намуданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то  74 кило бо медали тилло сарфароз гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни то  57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Зафар Олимшоев дар вазни то  82 кило медали биринҷӣ гирифт.

Инчунин аз намуди самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни то  62 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Ноябрь 14, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд