Аҳтам Абдуллозода бо Томас Бах дар шаҳри Токиои Япония мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар шаҳри Токиои Япония муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах мулоқот намуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ суҳбати дуҷониба сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда, рушди Ҳаракати олимпӣ, татбиқи барномаҳои ҷаҳонии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар суҳбат бо директори генералии Ҳамбастагии олимпӣ Пере Миро ҷонибҳо барои сохтмони як иншооти варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Пере Миро гуфт, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон метавонад лоиҳаи иншооти варзиширо пешниҳод намояд.
Аҳтам Абдуллозода ҳамчунин бо президенти Кумитаи олимпии Россия Станислав Поздняков вохӯрд. Мавзӯъҳои рушди ҳамкорӣ, баланд бардоштани касбияти мураббиёну доварон, баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ, имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии ду кишвар аз масъалаҳои асосии суҳбат буданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Токио ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






