Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо муайян гардид
ДУШАНБЕ, 3.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмӯъ миёни мардон, 9 маҷмӯъ миёни бонувон, 9 маҷмӯъ дар самбои размӣ) дар пойтахти Руминия ҷамъ меоянд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар – 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 нафар дар самбои размӣ муайян гардид:
Самбои варзишӣ
Вазни -52кг – Ҷомии ҲАСАН
Вазни -57кг – Акмалиддин КАРИМОВ
Вазни -62кг – Хушқадам ХУСРАВОВ
Вазни -68кг – Мустафо ҲАСАНОВ
Вазни -74кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА
Вазни -82кг – Зафар ОЛИМШОЕВ
Вазни -90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
Вазни -100кг – Муҳаммадризо ҚУРБОНЗОДА
Самбои размӣ
Вазни -62кг – Сорбон ЛАТИФОВ
Вазни -68кг – Умед МУҲИДДИНОВ
Вазни -74 кг — Беҳрӯз ЗУҲУРОВ
Вазни -90 кг- Солеҳ ҲАСАНОВ
Федератсияи байналмилалии самбо дар Чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА тасдиқ кард. Варзишгароне, ки сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд:
Ҷои 1 – 3000 доллари ИМА
Ҷои 2 – 2000 доллари ИМА
Ҷои 3 – 1500 доллари ИМА
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода чемпион гардид.
Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






