Ба фарзандони бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» китобҳо тақдим гардиданд

Ноябрь 12, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи  ба кор даромадани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун»  Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 ҳазору 60 нусха  китоби тозанашрро  ба фарзандони коргарони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» тақдим намуд.

Тавре аз Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,   китобҳои мазкур беш аз 50 номгӯй, аз ҷумла «Афсонаҳои халқи тоҷик»,  достонҳои «Шоҳнома»,  «Саргузашти Собир»-и Сотим Улуғзода,    «Озода шав!», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз»,  «Панднома»-и Шайх Аттор,  «Қобуснома»-и  Унсурмаъолии Кайковус,  «Суруду навоҳои дилнишин»,  «Шукуфаҳои сабзи баҳор», «Илҳом аз Шоҳнома»-и Лоиқ Шералӣ, «Боғи момаи Ангур»-и Бозор Собир, «Роғун–кохи нур»-ро ташкил доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин Муассисаи нашриявии «Маориф» тасмим гирифтааст, ки ҳар сари чанд вақт ба китобхонаҳои мактабҳои шаҳри Роғун китобҳои тозанашр  эҳдо намояд.

Ноябрь 12, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид