Ба ифтихори 80-солагии Бозор Собир дар Иттифоқи нависандагон маҳфили адабӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 ноябри соли 2018, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии шоири маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устод Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор мегардад.
Тавре мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии Аҷамӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маҳфил нависандагону шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард. Дар ҳамоиши адабӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ Саидқул Билол ва дигар ҳунармандони маъруф сурудҳои хешро бар ашъори устод Бозор манзури алоқамандони шеъри баланди ин шоири зиндаёд менамоянд.
Ҳамчунин дар маҳфил аз ҷониби аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов намоиши «Шабе дур аз Ватан» пешниҳод мегардад. Намоиш аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл карда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ менамоянд.
Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба гиромидошти хотири устод Бозор Собир ду китоби ӯ ба нашр расидаанд, ки зимни маҳфили шеъру суруд ба иштирокдорон тақдим мегарданд.








Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар






