Бибикалон Собир: «Муҳаббат ба шеъру шоирӣ ва меҳри беҳадду андоза ба қишлоқакаш ӯро ба шоҳроҳи адабиёт бурд. Ватандӯсте мисли ӯ кам дидаам…»-аз хотираҳои хоҳари шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир

Ноябрь 20, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Устод Бозор Собир аз бузургтарин намояндаи адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад.  Ӯ сухани баланд дошт. Ҳамеша аз Ватану халқ, худшиносӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад.

Устод Бозор давраи бисёр ҳам вазнини кӯдакиро аз сар гузаронда, аз хотираҳои ширину гоҳе пурдарди кӯдакиҳо, бародару хоҳарон ва кӯчаҳои хоколуди Сӯфиёнаш ҳамеша дар ҳар як суханаш ёд меовард. Солҳои зиёди дар ғурбат будан, ёди Ватан, ёру дӯстон, ёру бародарон ва  ҳамқаламон  ҳамеша бо ӯ буд. Бузургтарин сарзамини серзамини олам барои Бозор тангӣ мекард. Ҳамеша ҳушу ёдаш ба Ватан буд.   Хоҳари устод Бозор Бибикалони СОБИР дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ  бо АМИТ «Ховар»  аз хотираҳои ширини кӯдакиҳо ва хонаводаашон қисса кард, ки дар зер матни онро манзури шумо мегардонем.

Бародарам Бозор Собир истеъдоди худододи шоирӣ дошт.  Дар синну сол ман аз ӯ даҳ сол фарқ доштам, яъне даҳ сол хурд будам. Фарзанди охирини оила будам.  Ва аввалин хотираҳое, ки аз дар зеҳни ман ҳаст, ба синни наврасии ӯ рост меоянд.

Акнун ки синну соли ман ҳам ба ҷое расидааст ва саҳифаҳои зиндагии ӯро дар дафтари хотираҳоям варақ мезанам, гуфтаҳои  худашро сад дар сад  тасдиқ мекунам, ки табиати модарзодию кунҷковияш ба ҳар чизи хурду бузург, ки наметавонист бо суханони содаву одӣ баён кунад, ӯро ба пайроҳаи шеър бурд.

Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо,

Ману шаббодаҳо кардем эҷод….

Дар хотирам ҳаст, ки ҳанӯз   аз синни наврасӣ шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт. Дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти деҳот. Масалан, танбалу дурӯғгӯйҳо, найрангбозию фиребкориҳоро мазаммат мекард.

Бисёр кам одамонеро вохӯрдаам, ки мисли ӯ мушоҳидагар бошанд. Ба ҳар гулу гиёҳ, рангу бӯи онҳо, мӯру малах, паррандаву чарандаи қишлоқамон, ки ягона муҳити шинохти ӯ аз табиат буданд, бо диққат ва чашми ҳайрат менигарист. Соатҳо ба донакашонии корвони мӯрчаҳо аҳамият медод. Ба ҷунбидани баргу шохи дарахтон, ба садои хуши мурғони ҳавоӣ диққат медод. Мавсими парвози паррандаҳои муҳоҷирро интизорӣ мекашид. Хеле хушаш меомад, вакте ки қатори турнаҳо бо садои ҳазин ва ҳамоҳанги мавсими тирамоҳ аз фазои танги байни теппаҳои қишлоқ ба ҷануб парвоз мекард.

Хусусан садои чокакро дӯст медошт. Агар дар хоби хуши нимашаб ҳам мебуд ва ногаҳ садои чок-чоки чокак ба гӯшаш мерасид, фавран аз хоб парида мехест, рӯи ҳавлӣ мебаромад. Ҷустуҷӯ мекард, ки аз кадом сӯй ва аз кадом дарахт садо медиҳад. Ба чак-чаки зардоби чаккаҳои ба шохаи дарахт овехтаи модарам чун ба як ҳодисаи муъҷизаосо менигарист.

Ҳамаи инро акнун, ки ба хотир меоварам, бори дигар боварам комил мешавад, ки ба қавли худаш шеъри ӯ аз шири модарам ғизо гирифта буд:

Ман он шоир, ки устоде надорам,

Равон шуд шеъри ман аз шири модар…..

Бародари азизу арҷмандам Бозор дар оила нисбат ба чор бародари дигарам хушқаду қомату танумандтар буд. Азбаски тануманд буд, бисёре аз корҳои хоҷагидории хонаро худаш анҷом медод. Ҳамин буд, ки дар ҳунари чӯбтарошию хонасозӣ, боғкорию зироаткорӣ хеле моҳир ҳам шуд.

Дар он солҳо дар кишлоқҳо мактаби миёна набуд.  Мактабҳо миёнаи нопурра ва то синфи ҳафт буданд. Агар касе хоҳиши хондан медошт, барои идомаи таҳсил  ба интернатҳо ва мактаб-интернатҳо мерафт. Аз ду бародари ман Камол аллакай интернатро ба итмом расонида буд  ва Темур ҳамон замон дар интернати назди комбинати шоҳибофии шаҳри Сталинобод  мехонд.

Бародарам Бозор,  ки завқи беандоза ба хондан дошт,  ҳар гоҳ орзуи  ба интернат рафта, хондан мекард.  Модарам аввал нахост, ки ӯ барои давоми хондан ба интернат равад. Чунки тамоми кори вазнини хоҷагидории хона ба дӯши ӯ буд.

Яке аз рӯзҳои моҳи август ӯро гум кардем. Нест. На дар хона, на дар боғ, на  бо ҷӯраҳояш. Модарам ба чор тараф медавид, ӯро ҷустуҷӯ мекард. Бачаашро мекофт. Шаб ҳам даромад ва аз ӯ дарак набуд.

Амакҳоям дар Сӯфиён, болотар аз мо зиндагӣ мекарданд, модарам бо доду фарёд назди онҳо рафт. Амаки хурдиам, ки шояд аз нақшаи ӯ хабардор буд, гуфт, ҳар куҷое бошад, барои хондан рафтааст. Ва бо ин суханон дили модарамро тасалло дод.

Ба ин нигоҳ накарда, як ҳафта модарам аз ғаму ғуссаи гум шудани акаам Бозор ҷои шиштан намеёфт. Шабҳо хобаш намебурд.   Баъди як ҳафта хаткашон ба номи модарам як хат овард. Дар лифофаи он сурати кабӯтар кашида шуда буду дар нӯлаш нома. Аз мазмуни нома фаҳмидем, ки ба Ҳисор рафта, ба интернат дохил шудааст.

Дар давоми хонданаш дар интернати Ҳисор, ҳар гоҳ, ки дар давраи таътилҳо ба хона меомад, аксаран дар бораи шеъру шоирӣ гап мезад.

Ҳангоме ки ҳама ҷамъ мешудем, мегуфт шеърҳояш дар газетаи деворӣ чоп мешаванд…

Баъди хатми интернати Ҳисор ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Точикистон дохил шуд. Университет як рӯзномаи студентӣ дошт бо номи «Ба қуллаҳои дониш». Шеърҳояш дар ҳамин рӯзнома тез-тез чоп мешуданд. Ҳар гоҳ ба қишлоқ меомад, он рӯзномаҳоро оварда, ба мо нишон медод.

Ах хотираҳои суҳбатҳояш аз он замон дар хотирам ҳаст, ки ба шеърҳои шодравон Ғаффор Мирзо дилбастагии зиёд дошт. Шояд саргузашти талху қисмати риққатовари бачагии шоир, ки дар шеърҳояш акс шудаанд, ба ҳаёти оилаи мо ва бачагии ӯ монандӣ дошт ва ин сабаби муҳаббати ӯ ба ашъори Ғаффор Мирзо буд. Бо амри тақдир ҳоло дар оромгоҳи Лучоб ҳам ӯ дар рӯ ба рӯи мазори Ғаффор Мирзо ба хоби абад рафтааст.

Бо вуҷуди истеъдоди хуби рассомию чӯбкорӣ доштанаш муҳаббат ба шеъру шоирӣ, хотираҳои фаромӯшнашаванда аз манзараҳои зебои зодгоҳаш, меҳри беҳадду андоза ба қишлоқакаш ӯро ба шоҳроҳи адабиёт бурд. Ватандӯсте мисли ӯро кам дидаам ва ин гуфтаҳои маро сар то сари шеърҳояш гувоҳӣ медиҳанд.

Бо амри тақдир, ки аз он гурезе нест, солҳои зиёд аз мо дур буд. Вале ҳар гоҳ ки бармегашт, мегуфт гарчанде дар дуриҳои дур ҳастам, боз ҳам қишлоқу давраҳои бачагиамро дар хоб мебинам:

Дар кӯчаи хокие равонам ҳама шаб,

Дар тути қатори Сӯфиёнам ҳама шаб,

Дар ҳавлии кӯдакӣ аз донаи ашк,

Ман донаи тут метаконам ҳама шаб…..

 

Ё дар ҷои дигар мегӯяд:

 

Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол,

Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол,

Мебинамаш аз харитаи деворӣ,

Дурии Ватан кашидаам даҳ сари сол.

 

Даҳ сол аз дурии Ватан сӯхт, вале ин дурӣ аз  даҳ сол  ба бисту панҷ сол кашид…

Дар сӯгвории бародарам Бозор Собир Исмоили Зарифӣ марсияе гуфтааст, ки бисёр хушам омад ва дар ин имкон аз ӯ ибрози сипос мекунам:

Нигаҳбони «Забони модарӣ» рафт,

Барояш дафтари ашъор бигрист.

Ба ғам пайваст ӯ кишлоқакашро,

Ба ҳасрат ҳар дару девор бигрист.

Само бигрист, замин бигрист,

На танҳо гул,  ҳатто хор бигрист…

Ба марги шоири номдор бигрист.

Ин  сатрҳо садои дили афгори маро ифода мекунанд. На танҳо маро,  ҳазорон дӯстдорони ашъори ӯро. Ба қавли худи бародарам Бозор

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтаст.

Ноябрь 20, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад