Дар Душанбе оид ба саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия конференсияи илмию амалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.11.2018./АМИТ «Ховар»/. 22 ноябри соли 2018 бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия» бахшида ба 110-солагии зодрӯзи аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи китоби безаволи «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмию амалӣ доир мегардад.
Аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар кори конференсия олимону муаррихони шинохтаи Тоҷикистон ва Россия ширкат варзида, масоили мубрами таърихи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар самтҳои ҳаёти сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ аз замони қадим то даврони муосир мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Конференсия баъд аз қисми ифтитоҳӣ ва ҷаласаи пленарӣ дар се бахш-бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, сарчашмашиносии таърихӣ ва таърихи қадиму асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин ҷараён хоҳад гирифт.








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд






