Дар шаҳри Хоруғ ба шарафи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 14.11.2018 /АМИТ « Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар он бештар аз 3 ҳазор нафар ҷавонони шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.
Ҷавонон пас аз роҳпаймоӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷамъ омада, дар пояи Парчами миллӣ гулчанбар гузоштанд. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «ҳамасола ҷавонони вилоят Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимияту садоқати бепоён истиқбол мегиранд. Имсол ин рӯзи фараҳбахш ба санаи дигари таърихӣ- маросими ба кор андохтани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» рост меояд. Ин ду мафҳум бо ҳам алоқамандии мустақим доранд. Агар Пешвои миллат ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ оварда бошад, «Роғун» ба онҳо равшанию нур тақдим мекунад. Бунёди ин неругоҳи азим аз ҷасорату қаҳрамонии Пешвои миллат ба хотири ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ башорат медиҳад. Пешвои миллат бо ин иқдоми хеш бори дигар собит сохтанд, ки ҳар амали неке, ки ба хотири хушбахтию саодати халқ роҳандозӣ мешавад, ҳатман муваффақона анҷом меёбад».
Дар майдони Исмоили Сомонӣ ҷавонон бо навбат ба минбар баромада, дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу оромӣ, волоияти қонун, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тандурустию варзиш изҳори ақида намуданд.










Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






