Дар вилояти Хатлон тайи 11 моҳи соли равон 32 бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Ноябрь 28, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 28.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.  То ҷашни 30-солагии Истиқлолият, яъне давоми се соли дар пешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баҳри таъмиру навсозии муассисаҳои тандурустӣ, бахусус марказҳои саломатии деҳот   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо  ҷалби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ба шароити тиббӣ мувофиқ намудани муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмир ва марҳила ба марҳила баровардани муассисаҳои тиббӣ аз биноҳои ғайритиббӣ (вагон, хона, мактаб ва ғайра) ва таъмини муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти зарурӣ дар 11 моҳи соли равон як силсила корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ,    дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 2  бунгоҳи тиббӣ аз мактаб ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз ҷойҳои ғайритиббӣ бароварда шуданд. Дар вилоят тӯли ин муддат 32 адад бунгоҳи саломатӣ сохта шуда, айни замон сохтмони 4 адади дигар идома дорад.

Бинобар афзоиш ёфтани аҳолии деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019, 2020, 2021 низ дар вилоят идома меёбанд.

Инчунин дар асоси лоиҳаи «Беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ба 17 маркази саломатии деҳоти ноҳияи Ҷ. Балхӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ тақдим гардида, дар 12  маркази саломатии деҳот ин таҷҳизот васл карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давра  шуъбаи таваллуди ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии  саховатмандон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ таъмир гардид.

Ба иттилои манбаъ, бунёди марказҳои саломатии деҳот минбаъд низ дар вилоят идома хоҳад ёфт.

Ноябрь 28, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад