ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» дар Лигаи олӣ боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ байни дастаҳои футболи «Панҷшер» ва «Эсхата» бозии ҷавобӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дастаи футболи «Эсхата»и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби калони 5:2 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, голҳои бозиро Ҷурабой Исоев, Хайриддин Турахонов, Алишер Салимов, Алишери Ҳотам ва Саидакбар Юнусов ба нишон расониданд
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар даври аввал низ дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар назди мухлисонаш бо таносуби 6:2 мағлуб намуда буд.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Панҷшер» бо эътино ба натиҷаи ду бозӣ дар маҷмӯъ бо ҳисоби калони 11:4 пирӯз омада, дар Лигаи олии футболи тоҷик боқӣ монд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






