Футбол: қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 8.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи «F» шуда, бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, 7 ноябр дар дафтари кории Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23 сола баргузор шуд.
Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқа 44 даста аз 11 гурӯҳ баромад мекунанд. Дар минтақаи ғарбӣ 6 гурӯҳ ва дар минтақаи шарқӣ 5 гурӯҳ иштирок мекунанд. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ аз 22 то 26 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Ғолибони 11 гурӯҳ ва боз 4 дастаи дигар, ки дар гурӯҳҳои хеш нишондоди беҳтарин доранд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 8 то 26 январи соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат ба даст меоранд.
Ёдовар мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро соҳиб мешаванд.
Қуръакашии марҳилаи муқаддамотӣ:
Минтақаи ғарб:
Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Уммон, Непал, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), АМА, Лубнон, Малдив.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Қувайт (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Ӯзбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.
Минтақаи шарқ:
Гурӯҳи «G»: ҶХДК, Гонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.
Гурӯҳи «I»: Япония, Мянма (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.
Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Таиланд, Индонезия, Бруней.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






