ХУШҚАДАМ ХУСРАВОВ СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШУД! Пас аз Саидмӯъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода ӯ дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки ин рӯзҳо дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест ҷараён дорад, медали тилло ба даст овард.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ Хушқадам Хусравов, ки дар вазни то 62 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз рӯи хол бар варзишгари рус Руслан Богдасарян ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, медали тиллои Х. Хусравов чорумин нишони варзишгарони тоҷик дар ин чемпионат гардид. Чанде қабл Акмалиддин Каримов, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сорбон Латифов ба дастаи Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ оварданд.
Дар рӯзи аввали чемпионат варзишгарони тоҷик Ҷомӣ Ҳасан, Мустафо Ҳасанов, Комроншоҳи Устопириён ва Беҳрӯз Зуҳуров (самбои размӣ) аз ҳарифони худ шикаст хӯрда, имконияти идома додани ҳунарнамоиро аз даст доданд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров варзишгарони зерин шомил буданд: Ҷомӣ Ҳасан (то 52 кг), Акмалиддин Каримов (то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Мустафо Ҳасанов (то 68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 82 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (то 100 кг), инчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ иштирок намуданд – Сорбон Латифов (то 62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (то 68 кг), Беҳрӯз Зуҳуров (то 74 кг) ва Солеҳ Ҳасанов (то 90 кг).
Хушқадам Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид. Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро оид ба самбо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард. Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






