Имрӯз дар Душанбе Машварати расмии Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Машварати расмии Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» шурӯъ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Роҳбари Намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, профессорону устодони соҳаи тиб, шарикони ҳамкор оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҳамоиш Насим Олимзода зикр кард, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир ва муқтадир дар якчанд самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.
«Дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ зиёда аз 50 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, айни ҳол дар сатҳи баррасии ниҳоӣ қарор доранд», — зикр намуд Н.Олимзода.
Инчунин иброз гардид, ки масъалаи пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ, ки яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, мавриди нигаронии соҳа қарор дошт, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ бо қарори Шӯро оид ба шарикии давлат бо бахши хусусӣ Лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» таҳия шуд. Айни замон дар ин самт фаъолият ҷараён дорад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки таъмини устувории ғизои мактабӣ яке аз афзалиятҳои фаъолияти вазорат буда, 28 апрели соли равон «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба имзо расонида, он дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт тадбиқ мешавад.
Дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ бо мақсади пешгирии ташхис ва муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои ишемиявии дил, саратон, осеббардорӣ, беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ, диабети қанд ва хусусан бемории ВНМО ва сил тадбирҳои муассир андешида, ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои сари вақт ва самаранок амалӣ гардонидани онҳо равона гардонида истодааст.
Бояд зикр намуд, ки зимни ҷамъомад иштирокчиён оид ба дастовардҳои низоми тандурустӣ дар марҳилаи солҳои 2010-2018 амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва саҳми Шарикон оид ба рушд дар амалисозии Стратегияи мазкур дар соли 2018-ро баррасӣ намуданд.


















Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд






