Муҳаммадрафии Кароматулло: «Аз кафкӯбиву истиқболи гарми мухлисон илҳом мегираму меҳрам нисбат ба санъат афзун мешавад»

Ноябрь 29, 2018 17:14

ДУШАНБЕ, 29.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Фарзанди сароянда ва бастакори номии тоҷик шодравон Кароматуллои Қурбон ҳамасола ба хотири гиромӣ доштани рӯҳи падари бузургвораш барномаи консертӣ доир намуда, хотири ҳаводорони ӯро шод  мегардонад. Имсол низ Муҳаммадрафӣ ин анъанаро давом дод. Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи рангини консертии ӯ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ низ дар баробари дигар мухлисони Муҳаммадрафии Кароматулло дар барномаи консертии ӯ иштирок мекунад. Ӯ пеш аз оғози консерт  бо ин сарояндаи маҳбуб суҳбат анҷом дод.

-Барномаи консертии имрӯза аз барномаҳои қаблӣ тафовут дорад,- гуфт Муҳаммадрафӣ ва илова намуд: «Ин навбат сурудҳои тозаэҷод манзури мухлисон мегарданд. Бо дигар сарояндаҳо дуэт сароидаам. Умуман дар ин консерт навигариҳои зиёд дида мешаванд».

Овозхон дар мавриди он ки Нозияи Кароматулло дар ин барномаи консертӣ иштирок мекунад ё не, посухи қатъӣ надода, иброз дошт, ки бигзор ин барои мухлисон махфӣ бимонад.

Ба зикри сарояндаи маъруф, ӯ ва дигар ташаббускорони консерт барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин барномаи ҳунарӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд. «Ин навбат барномаи консертиро «Қиссаи дарё» номгузорӣ намудам, зеро як таронаам бо ин ном ба мухлисон хеле писанд омад»,- гуфт ӯ.

Чун аз Муҳаммадрафӣ дар бораи хотираҳояш аз падар пурсон шудем, гуфт, ки ҳамагӣ шаш сол дошт, ки ӯ ин дунёро тарк намуд. Вале бо вуҷуди хурд будан лаҳзаҳои ширинеро низ дар ёд дорад.  «Падарам дӯст медошт, ки бо ягон асбоби мусиқӣ оҳангеро ҷӯр созам. Ман аз хурдӣ чун дигар кӯдакон мехостам мисли падар бошам. Падарам меҳри беандозаи маро нисбат ба санъат дида, ба ман асбобчаҳои хурди мусиқинавозӣ туҳфа мекард ва бо завқ менигарист, ки ман чӣ тавр бо онҳо оҳанг менавозам. Шояд пай мебурд, ки рӯзе давомдиҳандаи касбаш мешавам»,- мегӯяд ин овозхони ҷавон.

Ӯ дар ҷодаи санъат устоди аввалини худ падарро медонад. «Маҳз бо сурудҳои он кас ба воя расидам, ба саҳна баромада, шуҳратёр гардидам. Ва маҳз падарам сабаб гардид, ки меҳри саҳна дар дилам аз хурдӣ ҷо шавад»,- баён дошт Муҳаммадрафии Кароматулло.

Ба зикри ин сарояндаи номдор, нозукиҳои касбро аз устодони худ Саъдӣ Қаландаров дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва баъди хатми он дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз Акбар Мирраҷабов омӯхтааст. «Ман аз ин устодон нотаҳо ва ҷӯрсозии асбобҳои мусиқиро омӯхтам, онҳо маро бо роҳу равиши санъат шинос намуданд. Аз онҳо хеле минатдорам, ки барои санъаткор шудани ман заҳмати зиёд кашиданд»,- мегӯяд ин ҳунарманд.

Мавриди зикр  аст, ки соли гузашта низ Нозия ва Муҳаммадрафии Кароматулло баҳри пос доштани хотира ва зодрӯзи падар дар Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбонови ноҳияи Рӯдакӣ ва варзишгоҳи ин ноҳия консерт барпо намуда буданд.

«Ин макон зодгоҳи падарам аст. Дар оянда тасмим дорем дар он ҷо боз консертҳои дигар барпо намоем ва хотири мухлисони худу падарро шод гардонем»,- гуфт ӯ.

Ба қавли Муҳаммадрафии Кароматулло, дар баргузор намудани барномаҳои консертӣ бештар мухлисон ба ӯ кумак мекунанд.

«Аввал ин ки то шахс худаш заҳмат накашад, ба ҷое расида наметавонад. Баъдан дар ин кор ба ман тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои ҷумҳурӣ  кумак мекунанд, ки миннатдории худро ба онҳо мерасонам. Инчунин ба санъаткор дастгирии мухлисонаш болу пар мебахшад ва ман аз онҳо хеле миннатпазирам, зеро онҳо маро хуш қабул мекунанд, аз кафкӯбиву истиқболи гармашон ман илҳом мегираму меҳрам нисбат ба санъат афзун мегардад»,- баён дошт Муҳаммадрафии Кароматулло.

Мо низ умед дорем, ки барномаи нави консертии ӯ, ки ин лаҳзаҳо оғоз меёбад, писанди мухлисон мегардад, зеро таронаҳои ин ҳофизи хушсадо ҳамеша ба дилҳо роҳ меёбанду қалбҳоро тасхир месозанд.

Ноябрь 29, 2018 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад