«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018» насиби дастаи Вазорати корҳои дохилӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018» оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар майдони хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи финалӣ бозӣ байни дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва «Вавилон» тунду тез сурат гирифта, ба фоидаи Вазорат анҷом ёфт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, вохӯрӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳарду даста кӯшиш намуданд ҷойи авввалро соҳиб шаванд. Дарвозабони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Умар Раҳимов малакаю маҳорати хуб нишон дода, ба дарвозаи худ ягон гол сар надод. Бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Тибқи рӯзномаи бозӣ, силсилазарбаҳо таъйин гардида, дастаи ВКД бо ҳисоби 3:1 дастаи «Вавилон»-ро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ҳамин тариқ, ҷойи дуюмро дастаи «Вавилон» ва ҷойи сеюмро дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар маросими тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе» Раҳматшо Камолов, Раиси Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст ба ғолибон барои ҷойи аввал 24 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 16 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 12 000 сомонӣ тақдим гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






